ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2410
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14521
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52822
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017515

Азми мо бунёдкорист

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор чун дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ба як раванди дастҷамъона ва муташаккил табдил ёфта, сохтмони 613 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол беш 150 иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода санаи 18 июли соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва вазъи зиндагии аҳолӣ аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбат дидан намуда, бо аҳолӣ мулоқоти судманд баргузор намуд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Дурбат бунёди зиёда аз 40 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин барои  афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Дар давоми соли 2019 ба истифода додани корхонаи коркарди шир бо иқтидори 30 тонна маҳсулот дар як рўз бо таъсиси 65 ҷойи корӣ аз тарафи ҶСК “Авитсена” ва корхонаи басту банди ҷуворимакка бо иқтидори истеҳсолии 1,5 тонна маҳсулот дар як рўз бо таъсиси 32 ҷойи корӣ аз тарафи ҶДММ “Ситаб-Агро” ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ ва насби дастгоҳҳои замонавӣ дар корхонаҳои мазкур идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар деҳаи Ниёгон сохтмони се синфхонаи иловагӣ ва дар деҳаи Тиргарон бунёди 9 синфхонаи иловагӣ бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону сокинони маҳал бо суръат идома дошта, ин иншоотҳои ҳаётан муҳим то оғози соли хониш мавриди истифода қарор мегиранд.

Раиси шаҳр аз вазъи хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёт, таъмини оби нӯшокӣ, фаъолияти нозирони барқ, истифодаи замини хоҷагиҳо, ҷамъоварии ҳосил, таъмири муассисаҳои таълимию табобатӣ ва дигар масоили рӯзгор огоҳ гардида, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва таъмини нақшаҳои истеҳсолӣ ба масъулон дастуру супориши мушаххас баён дошт.

Аҳолии деҳаҳо аз боздиду мулоқоти раиси шаҳр изҳори эҳтиром намуда, бар он азманд, ки ҷашни таърихии 30-солагии  Истиқлолияти давлатиро ба дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Боздид ва баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru