ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз966
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9533
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта38222
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56878
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта122057
mod_vvisit_counterҲамагӣ2037098

Ҳамкорию равобити судманд

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот боиси коҳиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандон гардидааст. Агар соле қабл дар Рӯзи қабули шаҳрвадон дар Ҷамоати деҳоти Дурбат 37 нафар сокинон муроҷиат карда бошанд имрӯз ҳамагӣ 9 нафар шаҳрвандон ба раиси шаҳр муроҷиат кардаанд, ки танҳо фарогири масъалаи таъмин бо қитъаи замин аст.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода соли ҷорӣ пеш аз баргузорӣ аз ҳамаи деҳаву маҳалҳои ҳудуди ҷамоатҳо дидан намуда, бо аҳоли дар маҳал сӯҳбатҳои судманд баргузор менамояд ва бо рафти корҳои созандагӣ хусусан дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос мегардад. Ба роҳ мондани ин амал низ боиси кам шудани муроҷиати шаҳрвандон гардида, дар мулоқоти ҷамъбастӣ бо фаъолони ҷамоат масъалаҳои муҳими маҳал мавриди таҳлил ва ислоҳ қарор гирифт.

Дар мулоқот шаҳрдори Ҳисор бори дигар вазъи соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, ҳадафи асосии мулоқотро дар ошкор намудани проблема ва норасоиҳое, ки дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷамоат мавҷуданд ва ҷустуҷўи роҳҳои бартараф кардани онҳо баён дошт.

Дар суханронии худ раиси шаҳр зикр намуд, ки; Дар Ҷамоати деҳоти Дурбат 7 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 151 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

Дар давоми соли 2019 ба истифода додани корхонаи коркарди шир бо иқтидори 30 тонна маҳсулот дар як рўз бо таъсиси 65 ҷойи корӣ аз тарафи ҶСК “Авитсена” ва корхонаи басту банди ҷуворимакка бо иқтидори истеҳсолии 1,5 тонна маҳсулот дар як рўз бо таъсиси 32 ҷойи корӣ аз тарафи ҶДММ “Ситаб-Агро” ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ ва насби дастгоҳҳои замонавӣ дар корхонаҳои мазкур идома дорад.

Инчунин дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Дурбат бунёди зиёда аз 40 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин барои  афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва пайдо гаштани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Дар деҳоти Дурбат 3 хоҷагии ҷамъиятӣ, 17 адад хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ ва 251 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамоянд.

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба 28 июни соли 2019, дар ҳудуди ҷамоат бо дарназардошти бахши ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 1420,9 гектар кишти зироатҳо гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои майдони кишт 100 фоизро таъмин намудааст.

Аз майдони умумии кишт 393 гектарро зироатҳои ғалладона, 427 гектар пахта, 38 гектар зағир, 67,3 гектар картошка, 168,4 гектар сабзавот ва 327,2 гектарро зироатҳои хӯроки чорво ташкил менамояд.

Ба 1 июли соли равон дар ҳудуди деҳот 185 гектар зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб 941 тонна ғалладона ба даст оварда шуда, ҳосилнокии миёна ба 27,3 сентнер баробар гардид. Ҳосилнокии ғалла дар заминҳои обӣ ба 44,7 сентнер баробар  аст.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳот Дурбат 8 муассисаи таҳсилотӣ фаъолият мекунад, ки аз он 5 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 2 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат 3982 нафар хонандагон ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд, ки аз он 1590 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд ва ба онҳо 229 нафар омўзгорон, ки аз он 134 нафарашон занон мебошанд дарс мегўянд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №109-и деҳаи Ниёгон сохтмони 3 синфхонаи иловагӣ оғоз гардида, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии асосии №122-деҳаи Тиргарон давом дорад.

Ҳамин тавр раиси шаҳр дигар самтҳои хоҷагидориро мавриди таҳлил қарор дода, дар иктифо зикри он дошт, ки вакилону масъулини ҷамоат ва кулли фаъолон аз вазифагузории имрўза барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, минбаъд ҷиҳати татбиқи  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини рушди устувору бомароми иқтисодиёти кишвар ва шаҳр саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru