ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1500
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1845
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7026
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20687
mod_vvisit_counterҲамин моҳ30151
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1259466

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, маъмурини милисаи ин кишвар ҳадафи ҳамла ва сангзании шаҳрвандони худашон дар марз бо Тоҷикистон қарор гирифтаанд

Тибқи иттилои ВУД Қирғизистон, чор маъмури милиса дар пайи сангзании сокинони деҳаи Оқсой ҷароҳат бардоштаанд ва алайҳи дастандаркорон силоҳу воситаҳои махсус кор бурда шудааст.

Ба иттилои ВУД Қирғизистон, рӯзи 24 июл тахминан соати 6:00 сокинони деҳаи Оқсой роҳи Исфара – Ворухро бо рехтани сангрезаҳо бастаанд.

“Маъмурини милиса аз сокинон хостаанд, ки ин амали ғайриқонунияшонро хотима бахшанд. Дар посух сокинон сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ санг андохтаанд, ки дар натиҷа 4 маъмури милиса маҷруҳ шуд. Баъди ин алайҳи дастандаркорон воситаҳои махсус, аз ҷумла норинҷакҳои садоӣ кор бурда шуданд”, - хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Вазорати умури дохилии ин кишвар.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, ду рӯз боз ягона роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки аз байни деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, бастааст.

Ёдрас мешавем, ки 22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри мазкур ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчӯби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Аммо тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

КДАМ мегӯяд, маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хатти марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20190724/1029480985/Barkhurdi-milisahoi-qirgiz-bo-sokinoni-kishvarashon-dar-marz-bo-Tojikiston.html

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru