ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1997
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2043
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14509
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24140
mod_vvisit_counterҲамин моҳ58431
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта84276
mod_vvisit_counterҲамагӣ1399066

Табрикоти раиси шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Парчами давлатӣ яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадима дорад ва дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати хирад ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи ифодагари давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, дар зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:" Ливои зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба сӯи ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон ҳидоят менамояд. Имрӯз мардуми  сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта,  дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад   "

Сокинони шаҳр ин санаи фархундаро бо дастовардҳои азими меҳнатӣ таҷлил намуда,  азми он доранд, ки соли ҷориро  бо иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва беҳбудӣ вазъи иҷтимоӣ ҷамъбаст намуда, дар сарфарозию парафшонии Парчами давлатӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бештар саҳмгузор бошанд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шаҳр сидқан таҳният гуфта, барояшон бахту иқбол, амнияту осоиш,  рӯзгори саршор аз фараҳ ва нусрату комёбиро таманно дорам.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru