ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1493
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1845
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7019
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20687
mod_vvisit_counterҲамин моҳ30144
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1259459

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Ҳисор бо рӯзноманигорон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ» ҳамкорӣ ва равобити мақомоти давлатиро бо ВАО хеле густариш бахшид ва ин тадбири муҳим ба беҳтар шудани фазои иттилоотӣ ва дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум мусоидат менамояд.

Санаи 30 июли соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ бо Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсоли аввали 2019 баргузор гардид, ки дар кори он аз 23 маҷаллаву рӯзнома, радиою телевизион намояндагон ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар шаш моҳи авали соли 2019 маълумот пешниҳод намуд. Мавсуф аз ҷумла зикри он дошт;

Натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба рушди иқтисодӣ як қатор нишондиҳандаҳо аз ҷумла, афзоиши маҳсулоти саноатӣ 15,0 фоиз кишоварзӣ 5,7 фоиз, гардиши савдои чакана 41,7 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 4,9 фоиз мусоидат намуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қисми умумии даромади буҷети шаҳр 104,5 фоиз таъмин гардида, ба он 86,0 млн сомонӣ (нақша 82,2 млн сомонӣ) ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3,8 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблащи 10,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботи нақшаи воридоти андози маҳаллӣ  аз ҷониби мақомоти андоз 103,4 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷет 61,9 млн сомонӣ  (нақша 59,8 млн сомонӣ) таъмин карда шуда,  нисбат ба нақша 2,1 млн сомонӣ ва нисбат хамин давраи соли 2018 ба маблащи 10,8 млн сомонӣ  зиёд  мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 106,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 22,8 млн    сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 млн сомонӣ зиёд  мебошад...

Бояд зикр намуд, ки теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба ҳолати 1 июли соли 2019 - 63 адад буда,  нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - 10 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Корхонаҳои саноатӣ асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нўшокии машруботӣ, маҳсулотҳои нафтӣ, оҳан ва маводҳои сохтмонӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботи 1615 нафар кор ва фаъолият дошта, нисбати ба ҳамин давраи соли 2018 297 нафар зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр бо назардошти тадқиқотҳо бо нархҳои амалкунанда дар давраи ҳисоботӣ ба маблащи 99,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблащи 13 млн.  сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷониби корхона ва коргоҳои саноатӣ 39 номгуи маҳсулот истеҳсол ва коркард гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 5 номгӯй зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли рехтаи пулодӣ ва оксигени холис аз ҷониби корхонаи ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик”, симҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Файзи истеъдод” ба роҳ монда шуд, ки ин номгуи маҳсулот солҳои пешин дар шаҳр истеҳсол намегардид.

Фаъолияти истеҳсолии кишоварзони шаҳри Ҳисор  руй ба афзоиш дошта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 214 млн. 526 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 млн. 519 ҳазор сомонӣ зиёд гашта, 105,7 фоизро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар самти растанипарварӣ 116 млн. 342 ҳазор сомонӣ ва дар самти чорводорӣ 98 млн. 185 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбатан дар соҳаи растанипарварӣба андозаи 8,9 фоиз ва чорводорӣ 2,1 фоиз афзоиш дорад.

Мувофиқи ҳисоботи омории дар ҷамъбасти кишти зироатҳо  хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ҳудуди шаҳр ба сербориш омадани соли ҷорӣ нигоҳ накарда, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 12 ҳазору 464 гектар кишти зироатҳоро гузарониданд, ки аз он 5 ҳазору 282 гектарро зироатҳои щалладона, 2 ҳазору 500 гектар пахта, 910 гектар зироатҳои равщандеҳ, 355 гектар картошка, 1009 гектар сабзавотҳо, 82 гектар полезӣ, 17 гектар сабзавоти тухмӣ ва 2 ҳазору 308 гектарро зироатҳои хўроки чорво ташкил менамояд.

Давоми моҳҳои январ-марти соли 2019 дар таълимгоҳҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотӣ ба донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуда, то санаи 1 июни соли ҷорӣ 2677 нафар, аз ин 1000 нафар духтарон ба ММТ  ҳуҷҷат супориданд, ки нисбати соли гузашта 215 нафар зиёд мебошад. Инчунин 20 нафар тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд.

Барои сохтмони 89 синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр дар маҷмӯъ 885 000 адад хишт, 835 куб қум, 670 куб сангреза ба нақша гирифта шуда, дастрас низ гардидааст ва ин ташаббуси худи роҳбарони ҳамин корхонаҳо маҳсуб меёбад.

Иловатан бар ин дар шаҳр таъмир ва бунёди 41 муассисаҳои тиббӣ, 5 клиникаҳои хусусӣ, 3 – таваллудхона ва 24 дорухона дар назар аст. Дар маҳаллаи 8-уми шаҳр дар баробари таъмиру васеъ, мумфарш, гулзор ва чарощонкунии роҳ бунёди 5 бинои истиқоматии баландошёна ощоз гардидааст.

Мо то соли 2021  40 майдончаҳои варзишӣ, 14 толори варзишӣ, 2 бощи фарҳангӣ,  45 маркази хизматрасонӣ, 33 коргоҳи дӯзандагӣ, 20 дукони ҳунармандӣ, 23 гармхонаю сардхона, 35 нонвойхона, 5 корхонаи парандапарварӣ, марказҳои адрасу атласбофӣ, ҳамом, ошхонаву тарбхона, меҳмонхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн, бунёди бощу токзор, ивази транформатору симчӯбҳо, хатҳои қувваи барқ, таъмиру пулу роҳҳо   дар маҷмӯъ  чунонки қаблан зикр доштам 613 иншоотро мавриди истифода қарор диҳем.

Баъдан рӯзноманигорон ба раиси шаҳр саволу дархост ва пешниҳодҳои судманд баён доштанд ва дар навбати худ шаҳрдори Ҳисор ба пурсиши намояндагони воситаҳои ахбор посух гуфта, барои ҳамкории судманд ба аҳли эҷод изҳори сипосу эҳтиром дошт.










 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru