ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 215 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1845 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 5741 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 20687 |
![]() | Ҳамин моҳ | 28866 |
![]() | Моҳи гузашта | 70904 |
![]() | Ҳамагӣ | 1258181 |
Рӯзи қабули шаҳрвандон ва мулоқоти Раиси шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода
- Шанбе, 03 Август 2019








- Пешина
- 1 of 8
- Минбаъда
Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар таҳкими робитаи бештари аҳли ҷомеа бо мақомотҳои маҳаллӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳияи дурнамои иқтисодию иҷтимоии шаҳр заминаи боэътимод мегузорад ва 11 нафар шаҳрвандони ҷамоат дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода пазируфта шуда, ҳар як роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони хоҷагиву маҳаллаҳо ва ҳар як хизматчии давлатиро вазифадор гардиданд, ки бояд муносибати худро ба муроҷиати шаҳрвандон куллан тағйир дода, барои такмили роҳу усулҳои судманди қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд ва ягон ариза, шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон бе таваҷҷӯҳ намонад.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 82-и деҳаи Чаманзор сохтмони 9 синфхонаи иловагӣ ва толори маҷлисгоҳ оғоз карда шуда, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 92-и деҳаи Садоқат давом дорад.
Дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 82 сохтмони 8 синфхона идома дорад ва бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мебошанд.
Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода 35 адад иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
Дар соли 2018 6 иншооти ҷашнӣ, дар соли 2019 низ 7 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Тибқи нақша дар 7 адад иншоотҳои ҷашнӣ сохтмон идома дорад - зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода