ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 2809 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1931 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 10271 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 19344 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7387 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145592 |
Иҷрои Барномаҳои давлатӣ таъмин мегардад
- Сешанбе, 16 Феврал 2021

15 феврали соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовинон, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳр баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳр Аюбзода Нусратулло дар доираи «Барномаи маҷмўавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» аз фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ гузориши муфассал дод.
Зикр гардид, ки хоҷагиҳои чорводории КТ «Самар», Агентии таъмини амволи махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Чорводор», ҶДММ ба номи Абдурауф Юсуфов ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов аз ҷумлаи хоҷагиҳои пешсаф маҳсуб ёфта, соли 2020 – ро бо нишондиҳандаҳои беҳтар ҷамъбаст намуданд.
Пешравиҳо дар самти парандапарварӣ нишон медиҳад, ки тадбиқи барномаи қабулшуда дар ин самт хуб ҷараён дорад. ҶДММ «Файзи Олимиён» соли 2020 шумораи парандаро ба 75 ҳазор ва нақша доранд дар соли равон ин шумораро то ба 100 ҳазор расонанд. Соли гузашта фермаҳои парандапарварии шаҳр дар умум 32 миллиону 304 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд.
Мавсуф дар бораи захираи хўроки чорво, истеҳсоли гўшту шир, эмгузаронӣ ва бордоркунии сунъии чорво дар бахши ҷамъиятӣ ва хусусӣ, наслгирӣ дар бошишгоҳҳои зимистона ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ва асал дар хоҷагиҳо маълумот дод.
Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода истеҳсоли моҳӣ ва асалро вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар шаҳр нокифоя арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ба тадбиқи барномаю стратегияҳо бояд дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Муовини раиси шаҳр Исматуллозода Аҳмадҷон дар бораи иҷрои супоришҳои протоколӣ дар машварати қаблӣ, рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаву коргоҳҳои шаҳр маълумот дода, иброз дошт, ки соли 2021 ба истифода додани боз 6 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, аз рафти таъмири хатҳои барқ ва ҷамъоварии маблаѓи он, соҳилмустаҳкамкунӣ, вобастакунӣ ва сертификаткунонии заминҳои тақсимгардида, рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гузориши роҳбарони масъул шунида шуд.
Аз рафти иҷрои барномаю стратегияҳои ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр нигаронидашуда, инчунин ҷамъоварии андоз, ташкили ҷойҳои нави корӣ, омодагиҳо ба ҷашнҳои дар пеш истода, интихоботи такрории интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр муовинони соҳавӣ гузориш доданд.
Раиси шаҳр оид ба назорати тартибу низом дар муассисаҳои савдо изҳори нигаронӣ карда, вобаста ба табъу нашри рўзномаю маҷаллаҳо ба кормандони масъули нашрияҳо таъкид намуд, ки ба сифат ва мазмуну муҳтавои маводи интишоршаванда диққати ҷиддӣ диҳанд ва чопи мақолаҳои танқидиро бештар ба роҳ монанд.