ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 56 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2822 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 7456 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 14106 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7456 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145661 |
Табрикоти Раиси шаҳр бахшида Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
- Душанбе, 22 Феврал 2021

Санаи 23 февралро сокинони мамлакат, аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Ҳисор чун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо ифтихор аз соҳибистиқлолию якпорчагии Ватани азизи худ ҷашн мегиранд. Ин санаи фархундаро аз номи сокинони шаҳр ба ҳомиёни Ватан, сарбозону афсарон сидқан муборак бод гуфта, дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар, амнияти давлату миллат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барояшон зиракии сиёсӣ, тани сиҳат, рӯзгори обод, пойдории сулҳу амният ва накутарин ормонҳои зиндагиро орзу дорам.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум буда, ҳамчун нерӯи тавоно ва муқтадири мудофиавӣ, сипари боэътимоди давлат ва кафили зиндагии осоиштаи мардум аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дӯши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳое гузошта шудаанд, ки тақдири миллат ва давлат, истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат аз ҳалли онҳо вобаста мебошад.”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор корномаву хизматҳои ибратомӯзи фарзандони ҷасуру далер ва содиқ ба савганди ҳарбиро, ки дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, таъмини амнияту ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ҷасорату қаҳрамонӣ нишон додаанд, қадрдонӣ менамояд ва азми он дорад, ки ҷавонони шаҳр хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро бо амри виҷдону қарзи фарзандии худ ихтиёр намуда, идомабахши анъанаҳои неки аҷдодони худ бошанд, зеро ҳифзи сулҳу субот, якпорчагии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва бо садоқат ба Конститутсия, ба Пешвои муаззами миллат ва дигар муқаддасоти миллӣ хизмат намудан шарафи беназир аст. Дар роҳи иҷрои ин амал ба кулли хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ барору кушоиш таманно дорам. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон фархунда бод.