ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1082
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2309
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10994
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта26340
mod_vvisit_counterҲамин моҳ73366
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта123957
mod_vvisit_counterҲамагӣ2177543

Боздиди раиси шаҳр аз деҳаҳои ҷамоати деҳоти Навобод

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Дар идомаи сафарии кории худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар ҳамроҳӣ бо ҳайати гурӯҳи кории ба ҷамоати деҳоти Навобод вобасташуда ба ҳамаи деҳаву марказҳои аҳолинишин сафар карда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва вазъи зиндагии аҳолӣ аз наздик шинос шуд.

Бояд тазаккур дод, ки давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 28 нафар шаҳрвандони ҷамоат барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати оғоз намудани корҳои сохтмонии иншоотҳои таъиноташон гуногун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати хаттӣ пешниҳод намудаанд, ки  ки муроҷиатҳои мазкур ифодагари 44 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун мебошанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Навобод як адад корхонаи истеҳсоли хишти пухта, ду адад корхонаи истихроҷ ва коркарди қуму шағал, як адад корхонаи истеҳсоли оби нўшокӣ ва як адад корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ фаъолият дорад.

Айни ҳол дар ҷамоат 13 коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият дошта, ба истеҳсоли равғани растанӣ, орд, пахтатозакунӣ ва коркарди чўб машғул мебошанд.

Ҷамоати деҳоти Навобод дорои 4850 муштарии маишӣ, 78 адад корхонаҳои сохтори тиҷорат, 26 адад ташкилоту корхонаҳо, 40 адад пойгоҳҳои обкашӣ хурду миёна ва калонҳаҷм мебошад, ки дар рўйхати муштариёни Шабакаи барқи шаҳри Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ҷамоат бунёди 44 иншоот ба нақша гирифта шуда, 25 иншоот расман мавриди истифода қарор гирифт ва давоми соли ҷорӣ  ба истифода додани боз 5 иншооти дигар назар аст. Ҳамчунин дар ҷамоат 15 синфхонаи иловагӣ, мағозаву чойхона, сартарошхонаву ҳаммом, истгоҳҳо мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби аҳолӣ корҳои иваз кардани симчубу трасформатор, ноқилҳо, кандани ҷӯйбору заҳбурҳо, таъмири роҳу пулҳо ва дигар масъалаҳо дар доираи Низомномаи озмунии шаҳрии “Беҳтарин маҳали аҳолинишин” мавриди иҷро қарор гирифтааст. Шарифҷон Ҷумъазода – раиси шаҳр дар мулоқоту суҳбатҳои самимии сарироҳии худ барои иҷрои корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ ба аҳолӣ изҳори сипосу эҳтиром намуда, даъват бар он дошт, ки бояд идомаи корҳоро вусъати тоза бахшид ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru