ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1191
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2309
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11103
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта26340
mod_vvisit_counterҲамин моҳ73475
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта123957
mod_vvisit_counterҲамагӣ2177652

Мулоқоти раиси шаҳри Ҳисор бо сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод.

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Пас аз баргузорри  Рӯзи қабули шаҳрвандон ва боздид аз деҳаҳои ҷамоат шоми рӯзи 20 сентябр раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода бо фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти Навобод мулоқот баргузор намуд.

Дар оғоз роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр аз натиҷаҳои иҷрои протоколи мулоқоти раиси шаҳр ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон соли гузашта баргузор гардида буд маълумот дод.

Раиси шаҳр ҳар банди протоколи маҷлис ва муроҷиати шаҳрвандонро мавриди таҳлил қарор дода, масъулонро вазифадор кард дар баррасӣ ва қонеъгардонии дархости шаҳрвандон бештар масъулиятшинос бошанд.

Баъдан раиси шаҳр дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, вазъи фаъолияти дастгоҳи ҷамоат ва идораву ташкилотҳои ҳудуди онро мавриди таҳлил ва вазифагузорӣ қарор дод.

Аз ҷумла, зикри он дошт, ки дар ҳудуди ҷамоат 11 муассисаи таҳсилотӣ, ки аз он 10 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият дошта, дар ин муассисаҳо 362 нафар омўзгорон, ки аз он 229 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ба кори таълиму тарбия машғуланд. Ҷамъи хонандагон дар маҷмўъ 5897 нафар аз он 2696 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар давоми се соли охир хонандагони муассисаҳои дар боло номбурда дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи шаҳрӣ соҳиби 135 ҷой, дар минтақа соҳиби 15 ҷой ва дар ҷумҳурӣ соҳиби 3 ҷой гаштаанд.

Дар роҳи татбиқи Амри Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб заҳмат кашидаанд ва давоми соли ҷорӣ сохтмони 8 синфхона дар назди муассисаи №43, 4 синфхонаи дар №60 ва 4 сифхона дар №77 бо дастгирии аҳолӣ бунёд гардида, дар арафаи соли нави хониш мавриди истифода қарор мегирад.Барои саҳмгузорӣ, дастгирӣ ва саҳми назаррас дар бунёди муассисаҳоли таълимии зикршуда ман ба ҷамъи ташабусскорон, маблағгузорон ва бинокорон изҳори сипосу эҳтиром дорам ва бошад, ки сафи чунин дӯстдорони диёр афзун гардида, мо ҳар деҳаву маҳали аҳолинишро соҳибрушду пешрафт намоем.

Дар ҷамоат аз 41 адад трансформатори қудратӣ, ки аҳолиро бо барқ таъмин менамояд 6 адад трансформаторҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуда дар 21 адад трансформаторҳо корҳои таъмирию профилактикӣ гузаронида шуд.

Қарздорӣ аз истифода қувваи барқ   5  млн. 637  ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз   он 4 млн. 116 ҳазор ба аҳолӣ  рост меояд, ки боиси нигаронӣ аст ва  дар ҳолати сари вақт пардохт намудани маблагҳои истифодаи қувваи барқ вазъи хизматрасонии соҳа беҳтар  мегардад.

Дар ҷамоат имконияти бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, консерва ва коркарди гиёҳу растаниҳои шифобахш мавҷуд буда, ашёи хом ҷиҳати бунёди чунин корхонаҳо низ дар ҷамоат мавҷуд аст.

Муовини соҳавии раиси шаҳр вазифадор аст, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси сеху корхонаҳои саноатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намуда, бо ин роҳ дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети маҳаллӣ саҳмгузор бошад. Зеро рушди ояндаи ҷомеаро бе таъсис ва рушди соҳаи саноат эҳсос кардан ғайриимкон аст.

Дар Ҷамоати деҳоти Навобод 9987 нафар, аз ҷумла писарон 5025 нафар, духтарон 4962 нафар, донишҷўёни муассисаҳои олӣ 405 нафар, донишҷўписар 235 нафар, донишҷўдухтар 170 нафар зиндаги мекунанд. Аз ҳисоби ҷавонони ҷамоат 976 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз он 65 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Навобод дар соҳаи кишоварзӣ 2 адад хоҷагии ҷамъиятӣ, 4 адад хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ ва 444 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият намуда истодаанд.

Мувофиқи маълумотҳои Кумитаи идораи замини шаҳр заминҳои марзи маъмурии ҳудуди Ҷамоат 5406 гектарро ташкил менамояд. Аз заминҳои ба гардиши кишоварзӣ вобастагардида 1092 гектарро заминҳои корам, 732 гектар боғзор, 293 гектар токзор, 44 гектар тутзор, 2239 гектар чарогоҳҳо ва 1006 гектарашро дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ, наздиҳавлигӣ, зери роҳу зери об ташкил менамоянд.

Дар ҳудуди ҷамоат бо дарназардошти бахши ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 1092 гектар кишти зироатҳо гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои майдони кишт 100 фоизро таъмин намудааст. Аз майдони умумии кишт 329,7 гектарро зироатҳои ғалладона, 367,5 гектар пахта, 52 гектар зағер,  51 гектар картошка, 5 гектар полезӣ, 167,3 гектар сабзавотҳо ва 108,4 гектарро зироатҳои хӯроки чорво ташкил менамояд.

Тибқи дурнамо 53 гектар пиёз банақша гирифташуда иҷрои он 44гектар таъмин гардид, ва аз 54 гектар помидор банақшагирифташуда 40 гектар кишт гардидааст, ки нисбат ба дурнамокишти пиёз9 гектар ва помидор 14 гектар кам гардидааст.

Ба 13 сентябри соли 2019 дар ҳудуди ҷамоат 299 гектар зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз ин майдонҳо 805 тонна ғалладона ба даст оварда шуда, ҳосилнокии миёна ба 30 сентнер баробар гардида нисбати соли гузашта 3 сентнер зиёд гардидааст. Ҳосилнокии ғалла дар заминҳои обӣ ба 59 сентнер баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 7,7 сентнер зиёд гардидааст.

Аз натиҷаҳои Рӯзи қабули шаҳрвандон изҳори ризоият намуда, бори дигар таъкид намуданиам, ки имрӯз масъулияти ҳар як роҳбар дар назди аҳли ҷомеа баландтар гардидаву мавқеи фаъолона ва дилсӯзонаи ҳар яки мову шуморо талаб менамояд,-зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода

Баргузории рӯзҳои қабули раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳру деҳот идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru