Таҷлили 105-солагии Рӯзи матбуот

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Санаи 11 марти соли ҷорӣ дар толори мактаби Президентии шаҳри Ҳисор бо иштироки рӯзноманигорон, аҳли зиё, омӯзгорон ва адибон чорабинӣ бахшида ба 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иштирок ва суханронӣ намуд.

«Мусаллам аст, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муоссир хеле бузург аст. Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии рушди ҷомеа табадулоти идеология ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.

Ҳар нафаре, ки дар ҷодаи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти давлату миллати хеш саҳме гузоштааст, инсони саодатманду сарбаланд аст ва ман итминони комил дорам рӯзноманигорони шаҳри Ҳисор аз ҳамин шумори инсонҳо буда, рисолати худро, ки созандагию ободкорӣ, таҳкими давлатдорӣ ва сарсабзии миллат аст бо амри дилу виҷдон адо менамоянд.

Дар ин ҷодаи пурифтихор ба ҳамаи шумо, соҳибқаламамону зиёиёни азиз барору комёбиҳо таманно дорам.»- иброз дошт раиси шаҳр  Шарифҷон Ҷумазода.

Баъдан озмуни шаҳрии «Каломи ободкор» ҷамъбаст ва ғолибони он бо мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ шуданд ва чанде аз рӯзноманигорон бо Сипосномаи раиси шаҳр сарфароз гардиданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru