ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1497
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8365
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40273
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228844

Ташрифи меҳмонони беларус

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Муносибати ду кишвари ба ҳам дўст, Тоҷикистон ва Беларус аз оғози истиқлолият инкишофи пайгирона дорад ва тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро гирифтааст. Муносибатҳои ҳамкории ду давлат, бахусус дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷорат, саноат, рушди сайёҳӣ, илму фарҳанг ва ғайраҳо пайваста таҳким меёбад.

16 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба фаъолияти Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор оғози расмӣ бахшиданд ва давоми бештар аз ду соли фаъолият корхона ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсолро афзун намудааст.

Санаи 6 апрели соли равон Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Ботко Иван Иванович, муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Беларус ва иштирокчиёни форуми соҳибкории Тоҷикистону Беларус ва Афғонистон, ки дар доираи ҷаласаи чордаҳуми комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Меҳмононро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ҳамроҳӣ менамуд.

Дар саҳни Маркази техникаи беларусӣ - «Агротехсервис» Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода меҳмононро истиқбол гирифта, хайра мақдам гуфт.  Меҳмонон бо фаъолияти Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис», ки дар шарикӣ бо заводи тракторбарории Беларус - МТЗ истеҳсоли трактор ва таҷҳизоту механизмҳои кишоварзиро роҳандозӣ намудааст шинос гардиданд. Роҳбари Марказ меҳмононро бо дастгоҳу таҷҳизоти сехҳои амалкунанда шинос намуда аз муваффақият ва фаъолияти мутахассисоне, ки дар кишвари Беларус таҷриба андўхтаанд изҳори қаноатмандӣ кард. Инчунин, бо итминон изҳор дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи судманд истеҳсоли техника ва мошинолотҳои кишоварзии истеҳсоли худиро афзун менамоянд. Ин иқдом дар баробари он ки ба рушди соҳаи саноат заминаи устувор мегузорад, кори кишоварзонро осон намуда, самаранокии соҳаи кишоварзиро дар кишвар ва кишварҳои ҳамҷавор таъмин менамояд.

Дар идомаи сафар меҳмонон ба боғи гелос ташриф оварда бо кори боғдорон, усулу самаранокии парвариши навъҳои гуногуни гелос дар шароити Тоҷикистон шинос гардиданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru