ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1469
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8337
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40245
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228816

Ташкили ду ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Санаи 7 апрел дар маҷмааи фароғотӣ хизматрасонии «Шаршара» бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар мавзўи «Имкониятҳои рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор» бо иштироки роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишвар, кормандони масъули меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ барои сайёҳон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷўразода ва Раиси шаҳри Ҳисор – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимӣ иқтисодиёти ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, новобаста ба бўҳронҳо, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ рушд намуда дар таъмини шуғл, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад ва чорабинии мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла бо мақсади татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегардад.

Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла тайёр намудани роҳбаладони касбӣ, зимни муаррифии мавзеҳо такя намудан ба маълумотҳои асосноки илмӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар мавзеҳои сайёҳӣ, ташаккули фарҳанги сайёҳӣ, рушди сайёҳии дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо мақсади мусоидат ба рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар, тибқи тартиби муқарраргардида ба ҶДММ «Усто Набот» ва ҶДММ «Сангчашма» иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳи дода шуд ва аз аввалин ширкатҳое мебошанд, ки дар шаҳри Ҳисор ташкил гардида, ба фаъолият оғоз намуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru