ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1389
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8257
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40165
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228736

Роҳи деҳа мумфарш гардид

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор эълон шудани соли 2021 «Соли роҳҳои обод» бо амалҳои ояндасози ҷавонмардони бонангу номус ва дастгирии аҳолӣ роҳу пулҳо дар деҳот таъмиру таҷдид ва мумфарш мегарданд. Чунин як иқдоми ватандўстона дар деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон роҳандозӣ гардид.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ дар деҳот ба ин мавзеи мардумаш сарҷамъу муттаҳид ва ободкор ташриф овард. Раиси шаҳрро шахсони муътабари деҳа истиқбол гирифта аз оғози боз як иқдоми пешгирифтаашон, мумфарш кардани роҳ аз шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода то маркази деҳа, ки беш аз 500 метрро ташкил медиҳад мужда расониданд. Раиси шаҳр ва пиорони кор ҳиссаҳои аввалини муми гармро ба роҳ пошида бо дуои хайр ба кор оғоз бахшиданд. Техникаву механизмҳои пуриқтидор корро идома дода дар даққиқаҳои аввал даҳҳо метр роҳро бо паҳноии 5-6 метр мумфарш намуданд, ки ба кўчаи деҳа ҳусни назаррабо бахшид.

Қобили зикр аст, ки сокинони деҳаи Мортеппа дар Ҷамоати деҳоти Сомон яке аз пешсафони иқдомҳои бунёдкорӣ буда, ба ободонии деҳа садоқатмандона камари ҳиммат бастаанд. Онҳо дастаҷамъона ба ҳашар баромада атрофи деҳаро, ки дар баландӣ ҷойгир аст бо санг девор бардошта бехатар гардониданд. Ҳамчунин, чанде қабл симчўбҳои фарсударо бо пояҳои бетонӣ иваз  ва хатҳои барқро пурра таъмир намуданд. Фаъолони деҳа дар идомаи корҳои ободонӣ тасмим гирифтаанд, як бинои зебо барои бунгоҳи саломатӣ бунёд намуда, дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолият мавриди истифода қарор диҳанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru