ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз336
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта336
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25583
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1120990

«Бозори ҳунармандон»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Бо ҳидояти оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ватани маҳбубамон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Мақсад аз ин иқдоми Пешвои муаззами миллат, таъмини баробарии рушди деҳоту шаҳр, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии Тоҷикистон чун сарзамини дорои тамаддуни куҳан, ёдгориҳои таърихӣ, манзараву табиати биҳиштосо маҳсуб меёбад.

Дар роҳи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, корҳои зиёди назаррас ба анҷом расид ва дар идомаи ин амал бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳамии шароит, эҳёи ҳунарҳои дастӣ, дарёфти ҳунармандон, фурӯши маҳсули дастии онҳо ва иҷрои нақша чорабинҳои соҳавӣ дар Регистони Қалъаи Ҳисор ба фаъолияти «Бозори ҳунармандон» бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ифтитоҳ бахшида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки маҳсули дастони ҳунармандони шаҳри Ҳисор дар замони муосир низ бо хусусияту зебоии худ фарқ дорад. Дар шаҳр 423 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳудуди шаҳр дар маҷмӯъ 30 адад дастгоҳи қолинбофӣ, 16 адад дастгоҳи адрасбофӣ, 1 адад маркази қурокдузӣ фаъолият дорад ва 387 нафар сокинони шаҳр дар назди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, 80 нафар дар коллеҷи омўзгорӣ ва 8 нафар дар литсейи касбӣ - техникӣ расман ҳунари қолинбофӣ ва адрасбофиро омўхтаанд, ки қисми бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Итминони комил дорам, таъсиси чунин бозор на танҳо дар муаррифию фурӯши маҳсули дастони шумо, ҳамчунин дар густариши равобити ҳамкории ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъсири нек хоҳад гузошт ва мо аз ҷониби худ ҳамеша омодаем, барои рушди муносибатҳои бозоргонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти сарчашмаи даромад ва фаъолияти мунатазму самрабахши ин бозори тозабунёд саҳмгузор бошем - баён дошт дар суханронии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода.

Баъдан раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон муҳтарам Абдуғаффорзода Нӯъмон суханронӣ намуда, таъсиси чунин бозор ва фароҳамии шароитро ба ҳунармандони манотиқи кишвар хуб маънидод кард.

“Бозори ҳунармандон” ҳар ҳафта рӯзи якшанбе баргузор мегардад ва ҳунармндон метавонанд аз хизматрасонии он ройгон истифода баранд.

Барномаи консертии аҳли санъати ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хосеро эҳдо кард, ки аз он сокинону ҳунармандон баҳравар гардиданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru