ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз234
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта234
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25481
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1120888

Камоли одамӣ дар илм бошад….

http://www.zoofirma.ru/

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, сардорони сохторҳои қудратӣ, раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳал, раисон ва муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин, аҳли зиё, фаъолон ва собиқадорони меҳнат Қурбонова Руқия Атоевна, Марҳабо Ҷабборӣ ва соҳибкорзан Уроқова Сурайё рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлид ба фарҳанги сари либоси бегона, пошхўрии оилаҳои ҷавон, терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Бо мақсади амали озодонаи иттиҳодияҳои динӣ, аз байн бурдани ҳаракату ҷунбишҳои ифродгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, бо мақсади беҳбуди бахшидан ба вазъи зиндагии аҳолӣ қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва тарбияи насли ҷавону ояндасоз, афзун намудани меҳри падарию модарӣ, устувории оилаҳо қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки иҷрои талаботи қонунҳои зикршуда, метавонад роҳи моро барои расидан ба олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ осонтар намояд - зикр дошт дар сухани ифтитоҳии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода.

Баъдан, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Наимов Ҳ., муовини Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Сайфиддинов М. аз вазъи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, аз байн бурдани сару либоси ба фарҳанги мо бегона, таъмини сулҳу оромӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, ҳидоят бар он доштанд, ки аҳли толор вазифадоранд дар роҳи иҷрои ин масъалаҳои муҳим ҳамкории дастҷамъонаро  амалӣ намоянд.

Қурбонова Р.А., Марҳабо Ҷабборӣ, Уроқова С. ва сархатиби шаҳр Шарипов А. дар муҳокимаи масъалаҳои зиршуда, суханронӣ намуданд.

Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва одоби шаҳрдорӣ, риояи ҷонунҳои амалкунанда, зиндагии шоистаи мардум дар даврони Истиҷлолият аз шумо ҳозирини гиромӣ дарки бештари масъулиятро тақозо  дорад. Тарбияи насли наврас, ҷавонон, занону духтарон, ноболиғон, сокинони маҳаллаву деҳот дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандўстӣ, ватанпарастӣ, омода намудан ба ҳаёти мустақил вазифаи ҳамарўзаи ҳар яки мову шумо маҳсуб меёбад - зикр дошт, дар сухани ҷамъбастии худ шаҳрдори Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода.

Мавсуф дар баробари зикри камбудиҳои дар ин самт мавҷуда, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, бархӯрдор намудани аҳолии бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилотҳо, ташикили вохӯриву мулоқотҳо дар маҳалҳои осебпазири ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавзӯи мубориза ба муқобили экстремизм, терроризм ва мазҳабгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷӯй ва ифротгаро аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ намуд.

Ӯ ҳамчунин ба масъулон супориш дод, ки аз ҳисоби мутахассисон, олимони диншинос ва ходимони дин гурӯҳи корӣ доир ба таҳияи маводҳои ташвиқотиву тарғиботӣ таъсис дода, роҳу усулҳои нави корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба роҳ монданд. Ба масъалаи танзими оила, эҳтироми зану шавҳар, хушунати оилавӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқии занону духтарон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо, аз байн бурдани сару либоси ба фарҳанги мо бегона, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи насли солиму созанда, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фаъолияти соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ва шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо чораву тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина иҷрои талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд»-ро пайваста таъмин намуда, ҷиҳати фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил, ба роҳ мондани корҳои иловагии таълимию тарбиявӣ бо хонандагони душвортарбия, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва беҳтар гардидани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон чораҷӯӣ намоянд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru