ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз401
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта401
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25648
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1121055

ДИҚҚАТ ОЗМУН

http://www.zoofirma.ru/

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Дастгоҳи раиси шаҳр

Мудири бахши молияӣ ва хоҷагии дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1085,40 сомонӣ;

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва шаҳрвандони дасгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 984 сомонӣ;

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 984 сомонӣ;

Сармутахассиси (зооинҷинер) Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 984 сомонӣ;

Котиби комиссия оид ба ҳукуқи кўдак 1 ҷой, маоши мансаби 984 сомонӣ;

Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ;


Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр

Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати шаҳраки Шарора, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

Мутахассис (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

Мутахассиси пешбар (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Мутахассис (кор бо занон ва ҷавонон)-и  Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ;

Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ


Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

тарҷумаи ҳол;

нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

нусхаи шиноснома;

нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.



Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби  мудири бахш

таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

малакаи кор бо компютер.


Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби  сармутахассис

таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

малакаи кор бо компютер.


Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар

таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

малакаи кор бо компютер.


Талаботи тахассусӣ  барои ишғоли мансаби  мутахассис

таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

малакаи кор бо компютер.


Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Ҳисор, кўчаи И.Сомонӣ 10, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, телефон: (8-3139) 2-63-00


 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru