ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз436
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта436
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25683
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1121090

Мулоқот бо фаъолон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 14
  • Минбаъда

Мулоқоти  мову шумо дар айёме баргузор мегардад, ки сокинони шаҳр дар роҳи татбиқи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаҳои меҳнатии худ дар нуҳ моҳи соли 2019 бо азму иродаи дучанд меҳнат менамоянд. Дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди деҳот мавқеи назаррасро касб кардааст. Мо низ тасмим гирифтем бо баргузор намудани ин мулоқот  бо шумо аз наздик шинос шуда, аз бурду бохт ва муаммоҳои мавҷуда огоҳӣ пайдо намоем ва дар ҳамфикрию ҳамдастӣ ба натиҷаҳои нек мушарраф шавем - зикр дошт шаҳрдори Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар мулоқот бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Сомон.

Мавсуф дар ҳузури фаъолон фаъолияти дастгоҳи ҷамоатро таҳлил ва барои пешрафи кор дастуру супориши мушаххас баён дошт. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии ҷамоат ба маблағи 18 млн. 406 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7 млн. 163 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар маҷмуъ соли 2019 дар ҳудуди ҷамоат 205 адад симчуби фарсуда иваз карда шудааст. Дар маҳаллаҳои Мортеппа - 2 адад трансформатор ба маблағи 87,0 ҳазор сомонӣ, Шуроби искандар – 3 адад трансформатор бо маблағи 63,0 ҳазор сомонӣ иваз карда шуда дар маҳаллаи Афғонобод 1 трансформатор ба маблағи 4 ьазор 200 сомонӣ аз таъмир бароварда шудааст.

Ба 1 октябри соли 2019 дар ҳудуди ҷамоат 469 гектар зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз ин майдонҳо 1436 тонна ғалладона ба даст оварда шуда, ҳосилнокии миёна ба 30,6 сентнер баробар гардида нисбати соли гузашта 0,1 сентнер зиёд мебошад. Ҳосилнокии ғалла дар заминҳои обӣ ба 49,9 сентнер баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 2 сентнер зиёд гардидааст.

Дар ҳудуди ҷамоат майдони 59 гектар картошка ва 145 гектар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз ин майдонҳо ба миқдори 1211 тонна картошка ва 4768 тонна сабзавот ба даст оварда шуда, ҳосилнокии картошка ба 206 сентнер ва сабзавотҳо ба 330 сентнер расонида шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳосилнокии картошка 5 сентнер.

Дар ҳудуди ҷамоат 13 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад. Муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат 7598 нафар хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд, ки аз он 3646 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Айни замон дар ҷамоати мазкур  15 ҳазору 790 нафар занон зиндагӣ доранд. Шумораи занони қобили меҳнат 7 ҳазору 639 нафар, занони роҳбарикунанда 6 нафар, донишҷўдухтарон  157 нафар мебошанд.

Шумораи ҷудошавии оилаҳо  49 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 адад зиёд мебошад.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода масъулонро вазифадор намуд, ки:

барои таъмини пурраи Барномаи сохтмон, барқарорсозию таъмири муассисаҳои маориф тадбирҳои  иловагӣ андешида, бо истифода аз манбаъҳои гуногун вазъи моддию техникии  баҳри пешгирии хушунат дар оилаҳо мусоидат намуда, дар бунёди оилаҳои намунавию устувор ва таҳкими он масъулияти бештар дошта бошанд ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи зарурӣ гузошта шуда, ҷиҳати назорати татбиқи ҳатмии қонун тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шаванд;

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru