Таҷлили Иди наврӯз дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Санаи 24 марти соли ҷорӣ бо иштироки беш аз 20 ҳазор сокинони шаҳри Ҳисор дар варзишгоҳи марказӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилал чорабинии идона баргузор гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода сокинони шаҳрро бо фарорасии ин иди аҷдодӣ таҳният гуфта, аз ҷумла зикри он дошт: «Пойандози тозаву сабзи баҳор моро ба ҷониби маысад дилпурона ҳидоят менамояд, биёед ҳамшаҳриёни азиз дасти ҳамдигар гирифта, бо дилҳои пур аз фараҳ ба корҳои тозаву хайр, бахусус маъракаи киштукор муташаккилона оғоз бахшем, бикӯшем, ки ҳар донаи имрӯз бо умед пошидаи мо ҳосили дилхоҳ бандад, фардо дастархонамонро боз ҳам пурнозу неъмат, рӯзгорамонро аз ин ҳам босафотар гардонад.»

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ номаи табрикотии Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи сокинони шаҳр расонид ва баъдан барномаи фарҳангии аҳли ҳунари шаҳр, ки фарогири шеъру тарона ва сурудҳои ҷашнӣ буд манзури ҳозирин гардид.

Сокинони шаҳр ҷашни Наврӯзро бо ихлосу эътимод ба рӯзи фардои пурсаодати худ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз гирифтанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru