ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1751
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1953
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1751
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта25263
mod_vvisit_counterҲамин моҳ13952
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1872115

Баргузории конференсия

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди бомароми ҷомеа, сулҳу оромӣ, устувории ваҳдати миллӣ, ва татбиқи муҳимтарин ормонҳои давлатдорӣ чун нерӯи сернуфузи тавонои сиёсӣ мақоми сазовор дорад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  дар ҳузури аъзоёни раёсат ва фаъолони ҳизб аз фаъолияти худ ҳисоб дода, аъзоёни раёсат ва вакилонро ба анҷумани навбатии ҳизб интихоб намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми соли 2019  маълумот дод.  Аз маърӯза ва баромади аъзои кумитаи иҷроия маълум мешавад, ки дар давоми фаъолият аъзои ҳизб ва мақомоти роҳбарикунандаи он дар партави дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро ба сомон расондаанд.

Ҳар як аъзои  вазифадоранд, воқеати қонунро рушан дарк намуда, аз оқибати ногувор ва нанговари қонуншиканӣ огоҳ бошанд, дар замири худ сифатҳои неки инсониро парвариш дода, онро ба аҳли ҷомеа талқин намоянд. Ба ибораи дигар ба ҳайати ҳизб бояд онҳо ҷалб шаванд, ки сатҳи баланди маърифатнокӣ ва касбият дошт бошанд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода пас аз маърӯза ва муҳокимаи масъалаҳо суханронӣ намуда зикри он дошт:

Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор вазифадор аст, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба маҷлиси Олӣ бар меояд, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, корҳои тарғиботию созандагӣ тақвият бахшад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкили таҷлил намудани 30 - солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳирии Тоҷикистон нақша-чорабинии махсусро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро марҳила бар марҳила таъмин намояд.

Фаъолияти ташкилотҳои ибтидои ҳизбиро беҳтар ба роҳ монда, доир ба рушди ҳунарҳои дастӣ, ба касбомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, махсусан духтарони деҳоти дурдаст тадбирҳои мушаххас андешад.

Интизоми иҷроияи, маърифати касбӣ ва иҷрои барномаи пешазинтихобтии ҳар вакилро таҳлил намуда, барои  самаранокии фаъолият ҷойдошта чораҷӯӣ намояд.

Дар кори конференсияи муовини раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Ранохон иштирок ва суханронц намуд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru