ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз520
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1888
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта520
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15528
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37883
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1196294

Табрикоти раиси шаҳри Ҳисор бахшида Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Дар таърихи навини давлатдориамон қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ҳар сол санаи 6 ноябр чун Рӯзи Конститутсия бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

Ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт. Чунки, он сохти давлатӣ ва низоми сиёсию идоракунии давлатро иваз намуда, барои бунёди ҷомеаи демократӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад”.

Дар таърихи начандон тӯлонии истиқлол роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатҳи қонуни олии мамлакат интихоб намудани халқи тамаддунсози тоҷик нишонаи барҷастаи хирад ва суннатҳои таҳаммулгарои он мебошад”.

Гузашти 28 соли соҳибистиқлолии кишвар ва амали Конститутсия нишон дод, ки он воқеан маҳсули андешаи миллӣ ва баёнгари  арзишҳои  давлатдории мо буда, чун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар худ бунёди сохти давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро таҷассум намуда, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат менамояд.

Сокинони шаҳри Ҳисор низ азми он доранд бо шукргузорӣ аз пойдории адолати қонунӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату якдилӣ соли меҳнатии 2019-ро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, дар таъмини рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд.

Сокинони шаҳрро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, сулҳу оромӣ, устувории ваҳдати миллӣ, осмони софу бещубор, зиндагии фаровон аз неъмат ва  пешрафту шукуфоии ҷомеаро орзу дорам.

Солгарди санади муқаддас ва тақдирсоз муборак!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru