ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз651
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1888
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта651
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15528
mod_vvisit_counterҲамин моҳ38014
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1196425

Рӯзи Конститутсия муборак!

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар таърихи навини давлатдорӣ қабули Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ҳар сол санаи 6 ноябр чун Рӯзи Конститутсия бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

Бахшида ба 25-умин солгарди ин санаи таърихӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, сардорон ва кормандони сохторҳои қудратӣ, фаъолон ва аҳли зиёю адаб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Конститутсия воқеан шиносномаи миллат мебошад, зеро он  сарчашмаи асосии ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқӣ буда, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ бояд бо Конститутсия мувофиқ бошанд, вагарна эътибори ҳуқуқӣ пайдо намекунанд.  Имрӯз боэътимод метавон иброз намуд, ки маҳз бо такя ба нишондодҳои Конститутсия дар Тоҷикистон фазои осоиштаву босубот, Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, халқи тоҷик дар зери раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба рушди ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ дастёб ва чун давлат калидӣ дар ҳалли мубрамтарин масоили сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Омили муҳими расидан ба ин мақоми шоиста бунёди давлати воқеан демократӣ, эҳтироми қонуну қонунгузорӣ, фароҳам овардани заминаи мусоиди фаъолият ба ҳар узви ҷомеа маҳсуб меёбад; иброз дошт раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода.

Шаҳрвандони шаҳри Ҳисор хуб огоҳӣ доранд, ки маҳз бо шарофати пойдории қонун, ки адолати иҷтимоии он аз Конститутсия сарчашма мегирад давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари пиёдасозии се ҳадафи муҳими давлатдорӣ бо мақсади таъмини бештари рушди устувор аз ҷониби Пешвои миллат саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми давлатӣ эълон гардида, барои расидан ба ин мақсади муҳим дар шаҳр заминаҳои боэътимод гузошта мешавад.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар асоси дастури махсуси Пешвои муаззами миллат дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби сокинони шаҳр дастгирии ҳамаҷонибаро касб намуда, бунёд, таъмир ва азнавсозии 613 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба самъи шумо мерасонам, ки аз ин иншоотҳо ҷашнӣ то имрӯз зиёда аз 200 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифта, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, сохтмон ва таъмиру таҷдид дар дигар иншоотҳо бомаром идома доранд.

Пас аз суханронии шаҳрдори Ҳисор чанд нафар фаъолон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд ва барномаи ҳунарии аҳли фарҳанги шаҳр манзури ҳозирин гардид.

Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ Рӯзи Конститутсияро самимона табрик гуфта, ба ҳамватанони азиз  саломативу сарбаландӣ ва пирӯзиву хонаободӣ орзу дорем.

Солгарди санади муқаддас ва тақдирсоз муборак!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru