ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз625
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1888
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта625
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15528
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37988
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1196399

Рӯзи милитсияи тоҷик муборак,

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, сародони сохторҳои қудратӣ, кормандон ва хизматчиёни шуъбаи корҳои дохилии шаҳр маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлисро сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Абдуқодирзода Ҷаъфар ифтитоҳ намуда, ҳамкоронро бо иди касбӣ таҳният гуфт ва баъдан шаҳрдори Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода суханронӣ намуда, аз ҷумла зикри он дошт:

«Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик рӯйдоди неке дар роҳи шинохти волоияти қонун, таъмини сулҳу субот ва пиёдасозии олитарин ормоҳои давлатдорӣ буда, пас аз баргузории тантанаҳои муҳими умумидавлатӣ бахшида ба 25 - умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурӣ ва устувории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар таҷлил мегардад ва ман аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ифтихор шумо кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиатон табрику таҳният гуфта, бароятон хушиҳои зиндагӣ ва пешравию омади корро таманно дорам.

Сокинони ҷумҳурӣ аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Ҳисор хуб дарк намудаанд, ки милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ, аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфта, ба боварию эътимоди аҳли ҷомеа сазовор гардидаанд. Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд. Барои расидан ба чунин мақоми шоиста меарзад дар ин рӯзи фархунда бароятон изҳори эҳтиром намоям ва эътимоди комил дорам, ки ҳайати кормандони милитсияи шаҳр дар фаъолияти минбаъдаи худ олитарин корномаву қаҳрамонии собиқадорони соҳаро идома дода, ба боварии халқ сазовор кору фаъолият хоҳанд кард.”

Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оламгиру тамаддунпарвари Пешвои миллат, Тоҷикистон худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуда, мардуми сарбаланди мо бо дарки масъулият дар назди наслҳои ҳозираю оянда, пуштибониро аз соҳибихтиёрии давлати худ, эьтиромгузориро аз ҳуқуқу озодиҳои шахс ва ҳуқуқи худмуайянкунии халқҳои ҷаҳон ба зимма гирифт. Мо вазифадор гаштем, ки таҳкимбахши дӯстии тамоми халқияту миллатҳо ва бунёдгари ҷомеаи адолатпарвар бошем.

Баъдан прокурори шаҳр Раҳимзода А.А., раиси суди шаҳр Сафарзода Ш.Н. аз таърихи милитсияи тоҷик ёдовар шуда, кормандони соҳаро бо иди касбӣ муборак бод намуданд ва чанде аз кормандони болаёқати соҳа бо мукофот ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдонӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми шумо бовар дорам ва мутмаинам, ки минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлату халқи Тоҷикистон дар назди шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед.”

Дар роҳи расидан ба эътиқоду боварӣ, дар амал ҷори намудани чунин таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои амру фармонҳои Вазири корҳои дохилии мамалакат муҳтарам Раҳимзода Рамазон ва нақшаву ӯҳдадориҳои касбӣ ба кормандони милитсияи шаҳр олитарин ормонҳои зиндагӣ, рӯзгори орому осуда ва фатҳи қуллаҳои азимро дар ҷодаи фаъолият таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru