Баргузории маҳфили «Наврӯзи адибон» дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки бо файзу шаҳомати хоса ва қудуми хуҷастаи худ ба диёри мо пайғоми омадани баҳори нозанин ва айёми шукуфоии табиатро расонида, риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табдили фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст, дар ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ маҳфили «Наврӯзи адибон» баргузор гардид. Сокинони ҷамоат адибон ва аҳли зиёро бо оро додани дастархони наврӯзӣ ва намоиши дастовардҳои меҳнатӣ пешвоз гирифтанд. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикри он дошт; «Дар баробари эҳёи дигар суннатҳои наврӯзӣ бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо «Наврӯзи адибон» низ баргузор мегардад. Барои мо боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ин маҳфил чанде аз адибони номдор иштирок доранд ва ман аз номи шумо онҳоро ба ин диёри биҳиштосо хайрамақдам, бо ҷашни Наврӯз муборакбод гуфта барояшон илҳоми тоза, эҷоди асарҳои баладмазмун ва омади корро таманно дорам.»

Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ аз ашъори худ шеърҳо қироат карда, сокинони шаҳрро бо Наврӯзи байналмилал муборак бод гуфтанд. Ҳунарнамоии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ ва аҳли ҳунари ҷамоат ба чорабинӣ ҳузни тоза зам намуд ва хурсандию шодмонии сокинон гувоҳӣ аз он дошт, ки воқеан Наврӯз иди умум ва пайку нишоти нав аст.

 

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru