ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз25
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2152
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9716
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20687
mod_vvisit_counterҲамин моҳ32841
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1262156

Табрикоти Раиси шаҳр бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳар сол санаи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президент муайян карда шудааст ва ин санаи муқаддас чун рамзи соҳибистиқлолию муттаҳидии давлат бо шукӯҳу шаҳомат дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор таҷлил мегардад.

Сокинони шарафёри шаҳр хуб дар хотир доранд, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷмҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, фаъолияти мақомоти давлатӣ, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошанд ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунанд,

Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки сокинони шаҳр бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқ ва раҳнамоӣ амали худ қарор дода, бо азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати миллат ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат кору зиндагӣ намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда доранд, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшида, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудаанд, ки сокинони шаҳр барои чунин фидокорию заҳматписандӣ дар роҳи бақою шукуфоии давлат ва миллати тоҷикон бо Пешвои худ ифтихор намуда, бо шукргузорӣ аз рушду пешрафти ҷомеа, фазои орому осуда, пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ азми он доранд соли ҷориро бо дастовардҳои азими меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, бо иҷрои нақша - чорабиниҳои корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Ҳисорро ба як минтақаи соҳибруш ва пешрафту обод табдил диҳанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони шаҳр таҳният гуфта, барояшон зиндагии саршор аз бахту саодат, футуввату саодат ва пешрафту муваффақиятро орзу дорам.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru