ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2084
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2013
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11609
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта21139
mod_vvisit_counterҲамин моҳ32748
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1262063

Рӯзи Президент муборак,

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Ҳар сол санаи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президент муайян карда шудааст ва ин санаи муқаддас чун рамзи соҳибистиқлолию муттаҳидии давлат дар шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, сардорони сохторҳои қудратӣ, фаъолон ва аҳли зиё бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ҳозиринро бо Рӯзи Президент табрик намуда, аз ҷумла зикри он дошт:

Истиқлолияти давлатӣ, интихоби Президенти мамлакат барои миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик, ки созандагиву бунёдкорӣ мароми ӯст ва номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд, падидаи бе мислу боазамати таърихӣ, рамзи соҳибдавлатию ватандорӣ маҳсуб меёбад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ заҳматҳои зиёд кашиданд, то ин ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу нобудшавӣ раҳо ёбад ва сулҳ дар кишвар поянда бошад.

Мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони шаҳри Ҳисор дар роҳи расидан ба чор ҳадафи асосӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат, ки натиҷаи рушду инкишофи диёри арҷманди мо маҳсуб меёбанд қадамҳои устувор гузошта, пайваста корҳои азимро ба анҷом мерасонанд.

Барои чунин дастовардҳои нодири таърихӣ хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид. Имрӯз бо ифтихор метавон баён намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд.

Ҳама таҳаввулоти замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла ифтитоҳи иншооти бузурги аср – ба фаъолият оғоз намудани ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, роҳу нақбҳо, сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ шаҳодати онанд, ки мардуми Тоҷикистон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати хирадмандонаву роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ доранд.

Зеро, маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ заҳмат кашида, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшида, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсозро ба ҷо оварда истодаанд.

Сокинони шаҳр барои чунин фидокорию заҳматписандӣ дар роҳи бақою шукуфоии давлат ва миллати тоҷикон бо Пешвои муаззами худ ифтихор намуда, бо шукргузорӣ аз рушду пешрафти ҷомеа, фазои орому осуда, пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ, кўшиш бар он доранд, ки соли ҷориро бо дастовардҳои азими меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, бо иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Ҳисорро ба як минтақаи соҳибрушд ва пешрафтаву обод табдил диҳанд.

Баъдан барномаи консертии аҳли ҳунари шаҳр, ки фарогири шеъру тарона ва саҳнаҳои баёнгари муқаддасии Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва мақому манзалати Пешвои муаззами миллат дар роҳи ободию шукуфоии кишвар буданд, манзури аҳли толор гардид.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шаҳр таҳният гуфта,   зиндагии саршор аз бахту саодат ва пешрафту муваффақиятро орзу дорем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru