ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2077
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2013
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11602
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта21139
mod_vvisit_counterҲамин моҳ32741
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1262056

Парчамат ҷовидона парафшон бод, Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2009 то кунун таҷлил мешавад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон гардидааст.

Бахшида ба ин санаи муҳим дар шоҳроҳи марказии шаҳр бо иштироки беш аз панҷ ҳазор нафарсобиқадорон, аҳли зиё, маорифчиён, кормандони соҳаҳои мухталиф ва ҷавонони шаҳр раҳпаймоии идона баргузор гардид. Баъдан дар Қасри фарҳанги шаҳр Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода сокинони шаҳрро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, дар суханронии худ зикри он дошт:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти Парчами давлатӣ зикр кардаанд:

Дар идомаи ин сиёсати ватанпарварона ва хештаншиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳудуди шаҳр майдонеро бо номи Парчам бунёд намуд ва дар пояи баландиаш 20 метр парафшон шудани Парчами давлатӣ ва бунёди ин майдон ба андешаи мо эҳсоси дӯстдории Ватан ва арҷгузоштан ба муқаддасоти давлатиро дар замири мову шумо дучанд намуда, моро барои расидан ба олитарин ормонҳои давлатдориамон бештару беҳтар ҳидоят хоҳад кард. Рушан аст, ки Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат дода, рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ низ дар чанд деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва муассисаҳои таълимию табобатӣ бунёди майдонҳои Парчами давлатӣ ба инобат гирифта шуда, чанде аз он бо иштироки сокинони маҳал мавриди истифода қарор гирифт.

Як рӯйдоди наҷиб дар самти худшиносии миллӣ ин дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷдид намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сокинони шаҳр аз 613 иншооти ҷашнӣ то имрӯз зиёда аз 200 иншоотро мавриди истифода қарор дода, бо мақсади рушди деҳот дар маҳаллаву деҳаҳо бунёди корхонаву муассисаҳои таълимию табобатӣ, иншоотҳои таъмингари ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмиру роҳу пулҳоро ба нақша гирифта, азми он доранд рушди бомарои деҳотро таъмин ва манзили зисти худро ободу шукуфон нигоҳ доранд.

Як нуқтаро мехоҳам таъкид намоям, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа, аз ҷумла, сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор ба шумор меравад. Итминони комил дорам, сокинони шаҳр дар зери Парчами давлатӣ минбаъд низ аҳлона меҳнат карда, бо ҳамагуна қувваю гурӯҳҳои хиёнатпеша мубориза мебаранд ва оромию сулҳу суботро дар кишвар ҷовидона нигоҳ миедоранд ва барои бештар шуҳратёр гардидани Ватани азизамон Тоҷикистон ва парафшонии Парчами давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дучанд кору фаъолият хоҳанд кард.

Баъдан барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳр манзури аҳли нишаст гардид. Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаву корхонаҳои ҳудуди шаҳр идома дорад.

Бо Рӯзи Парчами давлатӣ сокинони шаҳрро муборакбод гуфта,   сарбаландиву саодати рӯзгор ва фатҳи қуллаҳои азими меҳнатиро таманно дорем.

Бигзор Парчами давлатии мо чун сари мардуми сарбаландамон ҳамеша боло ва боиси ифтихору эътиқоди аҳли башар бошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru