Ҷавонони Ҳисор – ҳомиёни Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

 

Бахшида ба гусели даъватшудагони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар саҳни бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки аскарону афсарон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарон ва кормандони корхонаю муассисаҳо, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз ҷумла зикри он дошт: «Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мехоҳам ба ҷавонон ва падару модароне, ки чунин фарзандони бонангу ор ва ҷасуру ватанпарварро тарбия ва ба камол расониданду онҳо имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифа ва қарзи шаҳрвандии худ дониста, озими адои хизмат шуданд, изҳори сипосу эҳтиром ва дар адои қарзи шаҳрвандӣ, ҳимояи марзу буми кишвар роҳи сафед ва барору кушоиш таманно намоям…

Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тамоми чораҳои лозимаро меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани обрӯву эътибори Артиши миллӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд…

Хурсандиовар аст, ки ҷавонони шаҳри Ҳисор ба анъанаҳои сарбозони шуҷоъ – падару бобоёни худ содиқанд ва боварӣ дорем, ки ҳар яки онҳо қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Ватан – Модар сарбаландона адо мекунанд ва пас аз адои хизмат ба шаҳр баргашта дар рушду шукуфоии зодгоҳи худ саҳми назаррас мегузоранд - иброз дошт дар идомаи сухан раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Бояд тазаккур дод ба даъвати баҳорӣ аз шаҳри Ҳисор сафарбаркунии ҷавонон оғоз гардида, имрӯз беш аз 60 нафар ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ раҳсипор гардиданд, ки ин нишони ватандӯстию ҳомии воқеии Ватан будани ҷавонмардони бонангу номуси шаҳри Ҳисор ба шумор меояд. Масъулин омодаанд, дар кӯтоҳтарин мӯҳлат нақшаи даъватро иҷро намуда, дар Соли ҷавонон барои ободию шукуфоии бештари Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru