Мароми мо ободкорӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои шаҳр санаи 7 апрели соли ҷорӣ бо бошандагони маҳаллаи А. Юсуфӣ мулоқот доир намуд.

Раиси шаҳр аз вазъи корҳои ободонӣ ёдрас шуда, аз бошандагони маҳал даъвати он дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст дар давоми моҳҳои апрел ва май ҳамаи биноҳои баландошёнаи ҳудуди шаҳрро рангубор ва дар назди биноҳои истиқоматӣ майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон бунёд намояд. Сокинони маҳал вазифадоранд, барои идомаи корҳои бунёдкорӣ аз ҷониби худ саҳмгузор бошанд ва даромадгоҳу пешайвонҳои хонаҳои истиқоматии худро таъмир ва рангубор намояд- иброз дошт раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Сипас мулоқоти озоди Раиси шаҳр бо сокинони маҳал баргузор гардид, муаммоҳои мавҷуда ва дигар дархости шаҳрвандон дар маҳал бо иштироки роҳбарон ва масъулони соҳаҳо ҳаллу фасл гардид.

Барои чунин иқдом аҳолии маҳалла ба раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода изҳори сипос намуда, аҳд бар он доранд, ки дар таъмини тозагии муҳит ва ободии маҳал саҳми мунир хоҳанд гузошт. Баргузории чунин мулоқот бо бошандагони маҳаллаҳои дигари шаҳр низ дар назар аст.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru