ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1894
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1953
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1894
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта25263
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14095
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1872258

Дарки масъулият – омили пешрафт

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Санаи 22 январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Ҳисор бо иштироки муовинони раиси, сардорони идораву ташкилот, раисони ҷамоат, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳайати гурӯҳҳои кори бахшида ба 30-солгии Истиқлолияти давлатӣ, раисони кумитаҳои маҳал ва дигар шахсони масъул ҷалаи корӣ баргузор намуд.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр оид ба рафти иҷрои ҳадафҳои муҳим дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат,     ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимию тандурустӣ, ҷамъоварии маблащи истифодаи қувваи барқ ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳа маълумот дод.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода муовини якуми Раиси шаҳр ва сохторҳои соҳавиро вазифадор намуд, ки фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати рушди соҳа, самаранок ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, муайян кардани шумораи воқеии коргарон, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноат ва мавриди истефода қарор додани корхонаву коргоҳҳои бунёдшаванда тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

Баъдан муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ аз вазъи корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолият маълумот дод. Шаҳрдори Ҳисор масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ва дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, чораҳои амалӣ андешанд;

Ҳамчунин ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироат, махсусан кишти пахта, рушди соҳаи тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз ҳар як гектар замин гирифтани се-чор ҳосил, ташкили гармхонаву сардхонаҳо, беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулотҳои хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза, ҳавасманд кардани кишоварзон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он чораҷӯӣ намуда, омодагии пойгоҳои обкаширо зери назорат   қарор диҳанд.

Ҳамчунин муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи иқтисодӣ ва сохторҳои соҳавӣ вазифадоранд, ки бо мақсади таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаҳои андоз, кам намудани бақияпулиҳо, афзоиш додани суръати маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва бо ин васила паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ки яке аз нуктаҳои асосии Паёми навбатии  Пешвои миллат ва натиҷагирӣ аз маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад чораҷӯӣ намуда, барои дарёфти манбаҳои иловагии андозбандӣ  тадбирҳои судмандро ба роҳ монанд.

Муовини раиси шаҳр оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва зерсохторҳои он вазифадор гардиданд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, пурзўр кардани назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ, ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвияти қобилияти эҷодии онҳо, таваҷҷўҳи бештар зоҳир намудан ба сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ба воя расонидани насли ихтироъкор, соҳибкор, ҳунарманд ва донишманд  тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд;

Ҳамчунин раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба  Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар ва Наврўзи байналмилалӣ интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru