ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз9
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1913
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14123
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1872286

Ояндаро имрӯз бояд сохт

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Таърихи навини давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ва азму талоши сокинони диёр дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба мардуми минтақа ва сайёра собит намуд, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибтамаддун ва офарандаву бунёдкор буда, бо ваҳдату давлатдории худ дар мубрамтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар баробари ташабусскории худ чун давлати соҳибмақому соҳибсиёсат нақши калидиро низ дар ихтиёр доранд.

Мактаби сиёсиву роҳбарии Пешвои муаззами миллат, дастовардҳои беназири сокинони мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ моро вазифадор менамояд, дар роҳи пиёдасозии накӯтарин ормону ҳадафҳои давлатдорӣ дучанд ва бо дарки масъулият кору фаъолият намоем.

Бо мақсади тарғибу татбиқи дстуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ва дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат зикр гардидаанд, санаи 29 январи соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту идораҳо, кормандони Нозироти андози шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла ва имомхатибон ширкат варзиданд.

Дар кори Шӯро масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, таъмини сифатноки андозҳои муқарраршуда, аз байн бурдани қарзи истифодаи қувваи барқ ва таъмини нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарордоди Шӯрои ба тасвиб расид.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар маърӯзаи худ зикри он дошт, ки: “Аз мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки масъулияти имрӯзу фардои кишвар, ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ба зиммаи мову шумо фаъолон, аҳли зиё, коргарону соҳибкорон ва ҷавонони ояндасози шаҳр гузошта шудааст.

Пешвои миллат дар баробари зикри муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, бори дигар вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро мавриди таҳлил қарор дода ишора бар он доштанд, ки мо бояд зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем ва ҳомии воқеии марзу бум ва сулҳу ваҳдати кишвар бошем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳони мусир пуртаззод ва пурмуаммову мураккаб буда, онро дарк намудан, фаҳмидан ва нисбат ба ҳодисаву воқеаҳо ва падидаҳои он  як роҳу равиш ва усули ягона, қатъӣ ва фарогирии аҳли ҷомеаро дарёфт намудан ва истифода бурдан аз имкон берун аст. Дар ин ҷаҳони гуногунранг ва замони пурихтилоф шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона, фасодкорӣ, порахӯрӣ ва мардумфиребӣ  амалӣ созанд.

Амалҳои террористие, ки солҳои охир дар гӯшаю канори гуногуни олам рух медиҳанд, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ гардида, собит менамоянд, ки терроризм воқеан қувваи таҳдидгар   ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти рӯзгори аҳли башар табдил ёфтааст...

Пешвои миллат бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир дастур доданд, ки баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гуруҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.

Дар ин замина сохтору мақомоти марбутаро вазифадор карданд, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Ман дар ҳама суханронию мулоқоти худ бо аҳли ҷомеа ва махсусан бо ҷавонон таъкид менамоям, ки тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавонон дар ҷавоби ин ҳама ғамхорию дастригириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат вазифадоранд, муттаҳид шуда, бо зиракию хушёрӣ ба муқобили хавфу хатарҳои террористӣ мубориза баранд ва ҳомию дӯстдори хоки Ватани худ бошанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 баргузор мегардад. Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад. Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр доштанд, ки “Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад“.

Воқеан баргузории маъракаи интихобот воқеаи муҳим ва баёнгари амали ғояҳои демократӣ дар давлати мо маҳсуб меёбад ва он аз ҷониби нозирону институтҳои байналхалқӣ мавриди назорат низ қарор хоҳад гирифт.

Шуб хуб медонед, ки имрӯз қувваҳое ҳастанд, ки берун аз хоки кишвар кору фаъолият намуда, пешравию шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон ва устувории сулҳу ваҳдати аҳли ҷомеаро нодида мегиранд ва беасос бо мақсади татбиқ намудани ғаразу мақсадҳои нопоки худ ахбори бардруӯ чоп намуда мехоҳанд обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш диҳанд. Мо бояд ба дасисаю найранги ягон гуруҳи ифротгаро гирифтор нашавем ва корҳои тарғиботию ташфиқотиро дар ҳамал чунин ба роҳ монем, ки ҳар сокини шаҳр дар мизони ақл вазъи ҷомеаро санҷида, сиёҳро аз сафед фарқ кунанд ва бо дасту дили пок дар пешрафти маҳал ва иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр намуданд:

Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.

Дар роҳи расидан ба ин мақсади наҷиб ва ҳидояти падаронаи Пешвои миллат бароятон барору кушоиш таманно дорам- зикр дошт дар хотимаи суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru