ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1714
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1953
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1714
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта25263
mod_vvisit_counterҲамин моҳ13915
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1872078

Шаффофияти интихоботро таъмин бояд кард

http://www.zoofirma.ru/

Дар ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор №7 мулоқоти номазадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат бо шаҳрвандони Ҷамоати шаҳраки Шарора баргузор гардид, ки дар кори аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии демкратии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар оғоз номзадҳо Аъамов Анвар, Давлатов Ҳасан, Раҳимов Абдулвоҳид, ки ба тариқи худпешбарӣ аз намояндагии Ҳизби Халқии демкратии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна – номзад аз ҷониби Конфересияи Ҳизби Халқии демкратии Тоҷикистон ва Сатторов Субҳон, ки номзад аз ҷониби конфересияи Ҳизби Агарарии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд,  аҳли толорро бо Барномаҳои пешазинтихоботии худ шинос намуда, ба саволҳои интихобкунандагон посух доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар суханронии худ, зикри он дошт, ки аз мо интихобкунандагон тақозо мегардад, ки барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат намуда, роҳи минбаъдаи худро дар панҷ соли оянда муайян созем. Албатта, интихобот миёни ҳизбҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон майдони мубориза буда, рақобати солим мехоҳад ва аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳавзаҳои нтихоботӣ тамоми шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.

Роҳи тайнамудаи ҳизби мо ба мисли оина ба ҳама маълум аст. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи афкори сиёсии бунёдгузор ва муассиси он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар муддати 25 сол дар саҳанаи сиёсии Тоҷикистон ширкати фаъолона дошта, аксари дастовардҳои Ватани маҳбубамон ба фаъолияти пурсамари он вобаста аст. Бешак, обрӯ ва нуфузи ҳизби мо ба фаъолияти Лидери сиёсии кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дошта, бо барномаи амали Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли беш аз ду даҳсола ҳамоҳанг аст.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби мо воқеани халқӣ - мардумӣ буда, бо халқ робитаи доимӣ дорад. Афкори мардумро меомӯзад, масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро баррасӣ намуда, муроҷиати шаҳрвандонро ба инобат гирифта, хостаҳо ва ниёзҳои мардумро таҳлил карда, ба Риси ҳизб пешниҳод мекунад ва барои ҳаллу  фасли онҳо дар мақомоти давлатӣ тасмимҳои ҷиддӣ гирифта мешаванд. Хусусан, вақте ки Раиси муаззами ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо бо мардум мулоқоти рӯбарӯ анҷом медиҳанд, бисёр масъалаҳо дар ҷойҳо ҳаллу фасли худро меёбанд. Ва худи ҳамин далел, аз маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон бевосита дарак медиҳад.

Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалият медиҳад.

Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маҷлиси Намояндагон маҷлиси Олӣ, маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ҷамоатҳои шараку деҳот аз ғояҳои асосии Барнома ва Оинномаи ҳизб сарчашма мегирад ва баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо бори дигар шаҳодат аз он дорад, ки ҳизб воқеан ба ҳизби халқӣ табдил ёфта, аъзоёни он барои саодати рӯзгори аҳли ҷомеа ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон кору фаъолият доранд.

Боварии комил дорам Шумо санаи 1 марти соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҷонибдории номзадҳое овоз хоҳед дод, ки ҳимояи манфиатҳои халқу миллатро ҳадафи асосии фаъолият қарор доданд ва овозу ҷонибдории Шумо ба номзадҳо аз Ҳизби Халқии демкратии Тоҷикистон кафили зиндагии шоиста ва орому шукуфон аст-иброз дошт Шарифҷон Ҷумъазода раиси шаҳри Ҳисор дар суханронии худ.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru