Роҳҳо пайвандгари дилҳо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди шаҳр ва ба талаботи замон ҷавобгӯй намудани онҳо дар маҳаки асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва сохторҳои дахлдори соҳа қарор дошта, танҳо соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 12 км. роҳ пурра мумфарш гардид ва бо фарорасии ҳавои мусоид иҷрои ин амал оғоз ёфта, давоми чанд рӯз аст, ки мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо дар ҳудуди шаҳр идома дошта, то ин дам беш аз 4 км. роҳ таъмир ва мумфарш гардид.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар рӯзҳои истироҳат бо роҳсозон мулоқот баргузор намуда, дар иҷрои корҳои созандагиву роҳсозӣ ширкат намуд. Таъмиру азнавзосии роҳҳои ҳудуди шаҳр идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru