ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1900
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5011
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66809
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860191

Маҷлиси ҷамъбасти соли 2021

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Санаи 5 январи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Савазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ва фаъолону аҳли ҷамоатчигии шаҳр, маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.

Пас аз оғози маҷлис Раиси шаҳр иштирокчиёнро бо рўзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рўи масъалаи аввал муовини якуми Раиси шаҳр суханронӣ карда, оид ба таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва шаҳри Ҳисор бармеояд, ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар соли 2021, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, сокинони шаҳри Ҳисор дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуданд ва дар умум 874  иншооти таъйиноташон гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо ҳамин васила дар роҳи ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоии шаҳр комёб гардиданд.

Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳр оид ба фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин сохтмону саноат ва кишоварзӣ марвиди муҳокима қарор дода, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба муовинони соҳавии раиси шаҳр дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз ҷинояткорӣ ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар ҳудуди шаҳр фаъолиятро ҷоннок намуда, корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар байни аҳолӣ бештар ба роҳ монанд.

Дар интиҳои ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аз натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли сипаришудаи 2021 изҳори қаноатмандӣ карда, ба сокинону соҳибкорони шаҳр барои бунёди 874 иншоот ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуданд.

Ҳамзамон, дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҷиҳати дар муддати шаш моҳ омода намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин тибқи талабот самараноку босифат истифода ва нигоҳдорӣ кардани иншооти бунёдгардидаро вазифагузорӣ намуданд.

Раиси шаҳр ба муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториёнро барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор изҳори сипос намуда,  бовар кунонд, ки сокинони шаҳри Ҳисор баҳри афзун намудани дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр минбаъд низ аҳлона заҳмат кашида, ба дастовардҳои беҳтару арзишманд ноил хоҳанд шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru