ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2336
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3977
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта19194
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта26340
mod_vvisit_counterҲамин моҳ81566
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта123957
mod_vvisit_counterҲамагӣ2185743

Вазорати рушди иқтисод ва савдо: «Ба овозаҳои беасос бовар накунед! Маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд»

http://www.zoofirma.ru/

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо асос надоранд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дорад ва шаҳрвандон метавонанд ҳамарӯза эҳтиёҷоти истеъмолии худро қонеъ намоянд.

Масъалаи таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта,  вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ доранд.

Мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили мамлакат 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

Соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо инчунин зикр карданд, ки «овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз Чин ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд».

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru