Оғози кишти пахта дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ зикр кардаанд: «Ҳама бояд дар хотир дошта бошанд, ки танҳо бо роҳи истифодаи оқилонаву самараноки замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мо метавонем амнияти озуқавории кишвари худро таъмин карда, ба тағйироти нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ истодагарӣ намоем.»

Имрӯз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ва пирони барнодилу аъзоёни хоҷагӣ дар хоҷагии деҳқонии «Файзу баракати Ҳисор»  мавсими кишти пахта оғоз гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар назди ҳозирин оид ба бартарияти кишти пахта, истифодаи самараноки замин, таъмини оби полезӣ, омодагии техникаҳо ба мавсими кишт ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъвати он дошт, ки ҳар ваҷаб заминро мақсаднок истифода баранд ва дар таъмини амнияти озӯқавории мамлакат саҳмгузор бошанд.

Баъдан бо дуои муйсафед ба кишти пахта оғоз бахшиданд ва аҳли заҳмат омодаанд, ки бо мақсади фаровонии неъмати рӯзгор ва татбиқи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дучанд заҳмат кашида ҳосили фаровон ба даст оранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи мазкур 80 гектар замин барои кишти пахта омода буда, пахтакорони шаҳр азми он доранд, ки дар майдони 1200 гектар кишти пахтаро дар давоми ҳафт рӯзи оянда ба анҷом расонанд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода барои ташриф ба меҳмонон изҳори сипосу эҳтиром намуда, эътимод бар он дошт, ки дар ҷавоби ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ҳисор омодаанд, иҷрои нақшаҳои меҳнатиро барзиёд таъмин ва дар ободии ватани азизамон Тоҷикистон бештар саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru