ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1069
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3174
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1069
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта22184
mod_vvisit_counterҲамин моҳ87515
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта62662
mod_vvisit_counterҲамагӣ1522549

«ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд

http://www.zoofirma.ru/

«ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд

«Душмани аслии мо вирус не, балки ҳарос, воҳима ва стигматизатсия аст»,  омадааст дар муроҷиати ширкати саноатии «Фаровон-1» ба аҳолии мамлакат, ки имрӯз дар саҳифаи ширкат дар Facebook гузошта шуд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст:

 

«Дар робита ба паҳн шудани маълумот дар бораи он ки коронавирус ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ошкор шудааст, аҳолии Тоҷикистон ба харидани миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ шурӯъ намудаанд. Чунин вазъиятро зиёд паҳн намудани паёмҳо тавассути мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи паҳншавии вирус боз ҳам бадтар месозад.

Пешгирӣ маънои воҳима карданро надорад, балки чораҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолиро дар назар дорад.

 

Ширкати «Фаровон-1», ки яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони орд дар ҷумҳурист, ба шумо иттилоъ медиҳад, ки захираҳои маҳсулоти тайёр ва инчунин захираҳои гандум метавонанд сокинонро бардавом бо орди навъҳои гуногун таъмин кунанд. Дар интиқоли гандум ба ҷумҳурӣ мушкилот вуҷуд надорад ва шарикони асосии мо аз Қазоқистон низ аз мо даъват ба амал меоранд, ки ба ваҳму воҳима наафтем.

 

Нуқтаҳои тиҷоратии хусусии мо маъмулан дар тамоми шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.

 

Мавриди зикр аст, ки ҳолати паҳнкунии иттилоот ба нарх ва инчунин норасоии орд таъсир намерасонад. Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват менамоем, ки ба ваҳму воҳима наафтанд. Тавре мегӯянд: танҳо амалҳои одию фаҳмо аз воҳима наҷот медиҳанд.

 

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки орд ва равғанро бо нархи баланд аз ҳаннотҳои гуногуни беинсоф, ки мехоҳанд аз ин ҳолати  шумо истифода кунанд,  харидорӣ накунед …».

Ёдовар мешавем, ки ширкати бисёрсоҳаи тиҷоратию истеҳсолии «Фаровон» тӯли 15 сол аст, ки яке аз ширкатҳои пешрафта маҳсуб ёфта, фаъолияташ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. «Фаровон» рӯз аз рӯз фаъолияти мураккабу ҳаётан муҳимро таъмин намуда, ҳоло яке аз ширкатҳои босуръат рушдёбандаи Тоҷикистон мебошад.

 

Ба гурӯҳи ширкат 3 корхонаи истеҳсоли орд, корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво, парандапарварӣ ва як қатор корхонаҳо оид ба истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, панелҳои сэндвич, хишти пухта, бетон, шағал ва ғайра шомиланд.

 

Ширкат инчунин дорои маҷмааи нигаҳдорӣ ва паҳн намудани ғалла бо ҳаҷми 50,000 тонна мебошад.

 

Дар баробари ин, ширкат ба истеҳсоли равғани растании хушсифат оғоз кардааст.

 

ДАР АКСҲО: анборҳои ширкати «Фаровон-1». Аксҳо аз сомонаи ширкат

 

—————————————————————-

 

*Стигматизатсия —  аз ҳад гузаронидан дар хулосабарорӣ ва муносибат ба чизе, як навъ ифрот;  гузаштани баъзе сифатҳои манфӣ аз намояндагони алоҳида ба аъзои дигари ҷомеа    (тавз. АМИТ «Ховар»).

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru