ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1901
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5012
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ66810
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860192

Рўзи қабули шаҳрвандон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Тибқи нақша, 8 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дўстмуродзода рўзи кабули шаҳрвандонро доир намуд.  Ба раиси шаҳр 16 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, вобаста ба мушкилоташон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Бештари муроҷиаткунандагон аз Раиси шаҳр мусоидат намудан ба гирифтани замини наздиҳавлигиро дархост карданд. Вобаста ба масъалаи гирифтани замин, Раиси шаҳр изҳор дошт, ки барои шаффофияти тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ дар мақомот ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияи ҷамъиятиӣ фаъолият мекунанд ва рўихати оилаҳое, ки солҳои 2021 ва 2022 соҳиби замин шуданд дар шумораи аввали рўзномаи шаҳрии «Ҳисори шодмон» нашр шудааст. Дар ин радиф раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъулро барои саривақт баррасӣ кардани муроҷиатҳо ва ҷавоб гардонидан ба шаҳрвандоне, ки дар навбати замин ҳастанд, вазифагузорӣ намуд.

Муроҷиатҳои боқимонда фарогири масъалаҳои мусоидат намудан ба ҳалли баҳсҳои оилавӣ, табобат, кўмакҳои иҷтимоӣ буда, инчунин дигар мушкилоте, ки ба таъмини барқу баҳсҳои бартараф кардани биноҳои кўҳнаи истиқоматӣ  иртибот дошт, матраҳ гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Сурайё Дўстмуродзода вобаста ба ҷанбаҳои ҳуқуқии саволҳое, ки муроҷиаткунандагон изҳор доштанд, ҷавобу пешниҳодҳои мушаххас дод.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru