ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1052
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта18798
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ32912
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1891075

Хуҷаста бод Наврӯзи Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 9
  • Минбаъда

Тантанаи ҷашни Наврӯз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат   Исматуллозода Ширин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Уроқова Сурайё, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, идораву ташкилотҳо ва сокинони шаҳр дар Қалъаи Ҳисор дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардид.

Меҳмонон дар оғоз дар ҳамроҳӣ бо раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз растаи идонаи сокинони маҳал, ки таҷассумгари анъанаву суннатҳои наврӯзро дошт дидан намуда, ба 30 нафар кӯдакон дар маъракаи хатнатӯйяшон тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Чорабиниро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода оғоз бахшид ва баъдан таманиёти наврӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири мамлакат Исматуллозода Ширин ба самъи ҳозирин расонд.

Дар суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ибрози он дошт, ки иди Наврӯз бо саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ ва иди мардумиро пайдо намуда, аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик ба шумор меравад ва ҳамасола дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор бо шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил мегардад.

Наврӯз ва пойандози сабзе, ки фасли баҳор дар сарзамини биҳиштии мо эҳё кардааст, моро ба ҷониби мақсад ва татбиқи олитарин оромонҳои давлатдорӣ ва сиёсати Ҳукумати мамлакат дилпурона ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ки бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободкорӣ, донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд.

Бо иҷрои ин суннату анъанаҳои наврӯӣ, файзи баракати идона дар ҳар хонадон эҳсос мешавад ва Наврӯз таблиғгари рӯшноӣ, адолат, сулҳу ваҳдат буда, ба инсонҳо ободкориву созандагӣ, накӯкорӣ, эҳтироми инсону дастгирии ятимон ва иҷрои корҳои хайру саховатро меомӯзонад ва аз замони пайдоиши худ то рӯзгори мо ҳидоятгари гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек аст.

Наврӯзи имсола барои сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор саҳифаи наверо дар роҳи вусъати корҳои ободонию созандагӣ, устувории сулҳу ваҳдати миллӣ оғоз намуд.  Аз оғози соли равон диёри азизи мо бештару назаррастар ба арсаи ягонагӣ ва сарзамини сулҳу ваҳлати миллӣ мубаддал гардида бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатиашон ба сокинони мамлакат бармеояд ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дучанд кору фаъолият менамоянд.

Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар ҳама маҳаллаву деҳаҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо мақсади бунёд, таҷдид ва азнавсозии 767 иншооти ҷашнӣ босуръат идома дошта, бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди истифода қарор гирифтани 57 иншооти таъиноташон гуногун ва дар маҷмӯъ 261 иншоот аз садоқати шаҳрвандон ба дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳанд - иброз дошт шаҳрдори Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода

Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ҷумҳурӣ ва шаҳр, ки фарогири бузургдошти Наврӯз ва сулҳу ваҳдат буд аз ҷониби сокинон хуб пазироӣ гардид.

Ҳамаҳриёни азиз, дар ин лаҳзаҳои нусратбахш, айёми бедории табиат, фасли шукуфтану умедҳои тоза ба рӯзи фардои саршор аз фараҳ сокинони шаҳрро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику муборакбод намуда, зиндагии бофароғат, тани сиҳату офияти рӯзгор, бахту иқболи нек ва накӯтарин оромону ҳадяҳои наврӯзиро таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru