Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Имрӯз, 11 апрел ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Ҳисор бо иштироки аъзои Шуро, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва васоити ахбори омма баргузор гардид. Шӯрои ҷамъиятӣ масъаларо «Оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 вазифаҳое, ки аз Паём бармеоянд» мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласа  раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Ҳисор, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода суханронӣ намуда, вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятиро  дар марҳилаи навин дар заминаи татбиқи вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, зикр намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки Шӯрои ҷамъиятӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда, ба як мактаби бузурги таҳлиливу машваратии афкори ҷамъиятӣ мубаддал гардидааст. “Шӯро дар ҳалли умдатарин масъалаҳо ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар сатҳи маҳаллҳо, аз ҷумла  масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мусоидат менамояд ва мардуми кишвар аз он маслиҳату ҳамкории муфиду мушаххасро интизор аст.

Аъзои Шӯро будан аз ҳар яки мо дар баробари вазифаи хизматӣ, масъулияти бузургро талаб дорад. Эҳсос карда мешавад, ки аъзоёни Шӯрои шаҳрӣ бо дилу нияти нек ҳампаҳлӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр буда, баҳри пешравии ҷомеа бо маслиҳатҳои оқилонаи хеш ҳиссагузоранд.

Итминони комил дорам, ки Шӯрои ҷамъиятӣ тамоми нерӯи зеҳнии худро ба таблиғи дастовардҳои замони истиқлолият равона сохта, дар баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёт ва фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ, тарбияи мардум, алалхусус ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ  ва иштироки фаъолони сокинон дар ин озмун саҳми арзанда мегузоранд”, - таъкид дошт Шарифҷон Ҷумазода.

Баъдан аз  рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласа муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр Абдуллозода У. суханронӣ намуд ва аъзои Шӯро дар муҳокимаи масъалаҳои мавриди баррасӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Доир ба масъалаи мазкур қарори махсус ба тасвиб расид ва аъзои Шӯро вазифадор шуданд, ки дар самти густариши муносибатҳои таҳаммулпазирона дар ҷомеа ва таҳкими раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолияташонро ҷоннок намуда, барои сафарбар намудани аҳолӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои умдатарини ҷамъият дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд кӯшиш ба харҷ диҳанд ва фаъолияташонро нисбати корҳои тарғиботӣ дар маҳалҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣҷоннок намоянд.

Кори Шӯрои ҷамъиятӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва судманд баргузор гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru