ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1245
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта18991
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ33105
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1891268

Пайравони иқдоми Пешвои миллат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати расонидани кӯмаки пулию молиявӣ ҷиҳати пешгирии бемории каронавирус ва табобати мубталоёни ин беморӣ дар шаҳри Ҳисор ҷонибдории ҳаматараа ёфта, кӯмаку хайроти шахсони саховатпеша пайваста ба назар мерасад.

Санаи 9 май аз ҷониби вакили Маҷлиси намоянгдагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Уроқова Сурайё барои табибону кормандони Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳр маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон дастрас гардид ва мавсуф бо табибон, хешону пайвандони беморон сӯҳбат намуда, риоя кардани талаботи тарзи ҳаёти солим ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ёдрас гардида, ҳамагонро ба сабру таҳаммул ва сарҷамъию мубориза ба ин беморӣ даъват кард.

Корҳои хайру савоби анҷомдодаи инсони наҷиб Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато, директории ҶДММ «Қоғази Шарора» Шаробов Фарҳодҷон, директории бозори Самоҳ Солиев Мақсуд, Ашӯров Фотеҳҷон - соҳибкор, ки ба Беморхонаи марказии шаҳр як дастгоҳи таъминкунандаи нафаси сунъиро харидорӣ ва дастрас намудааст ва даҳҳо нафарони дигаре, ки дар роҳи наҷоти миллат аз ин бемору корҳои хайру сахоро анҷом дода, зикри номашонро ҷоиз намедонанд, шоистаи таҳсин ва офарин аст.

Воқеан, дастгирии ятимону бепарасторон маъюбону мардуми камбизоат, дар ин рӯзҳои мудҳиш табобати беморони сироятёфта ба як самти муҳими сиёсати Ҳукмати Тоҷикистон табдил ёфтааст ва дар партави ин сиёсат дар шаҳри Ҳисор низ пайваста амалҳои нек анҷом меёбад ва сокинони шаҳр  минбаъди низ азми он доранд, ки боиффату футавват ва иҷрои корҳои хайру савоб дар  рафъи ин бемории сирояткунанда бештару беҳтар саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru