ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2511
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2314
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4825
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ18939
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1877102

Табрикоти Раиси шаҳри Ҳисор ба муносибати Иди саиди Фитр

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамшаҳриёни  гиромӣ,

Бо шарофати Истиқолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр чун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини ислом таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба моҳияту бузургии моҳи шарифи Рамазон изҳори андеша намуда, ёдовар шуданд, ки: “Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон, ва муҳтоҷону мусофирон дасти кўмаку ёрмандӣ дароз мекунанд. Омезиш ва пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад”.

Моҳи шарифи Рамазон ҳақиқатан моҳи эҳсону саховат аст. Ин ҷашн аз оғози пайдоиш орзўи фаровонии ризқу рӯзии одам, садақаву хайрот ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ростиву росткорӣ, сабру таҳаммулпазирӣ, шуҷоату матонат ва дар роҳи ҳақ фидокор буданро дар таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ифода мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону мардуми камбизоат ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат табдил ёфта, дар партави ин сиёсат дар шаҳри Ҳисор низ пайваста амалҳои нек анҷом меёбад ва боварӣ дорам, ки сокинони шаҳр баҳри  иҷрои амалҳои хайр камари ҳиммат баста, дар иҷрои корҳои хайру савоб ва ободии маҳал бештару беҳтар кўшиш менамоянд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30 - солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона, ҳамом, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳу манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои созандагӣ вусъати тоза касб намуда, сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор дар иҷрои ин корҳои хайру ояндабахш фаъолона ширкат меварзанд, манзилу кӯча, деҳаву муҳити зисти худро ба як маҳали пешрафт ва хурраму шукуфон табдил медињанд.

Аз мардуми шарафманди шаҳри Ҳисор даъват ба амал меорам, ки бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ва закотро дар баробари ба ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси ёрӣ ба беморони короновирус ирсол намоянд.

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сокинони шаҳрро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният намуда, дар иҷрои корҳои хайру савоб  ва созандагиву ободонӣ барору кушоиш, саломативу умри дароз, хотири ҷамъ ва комёбиҳо орзумандам.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru