Баргузории иҷлосияи навбати дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори маҷлис масъалаи ҷараёни татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани cоли 2017 Соли ҷавонон ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур муовини раиси шаҳр оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Абдуллозода Умеда суханронӣ намуд ва баъдан вакилон дар музокираи маърӯза ширкат варзида, ин иқдоми наҷиби Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, аҳд бар он доштанд, ки дар Соли ҷавонон бояд бештар дар роҳи ободии диёр, тарбияи насли ҷавон ва рушди иқтисоди шаҳр саҳмгузор бошанд.

Баъдан ахбороти раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои риояи қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон Гадоев Дилшод, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Муъминобод» №21 Муминов Абдумаҷид Мардиқулович шунида шуд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қарорҳои раиси шаҳрро дар се моҳи авали соли ҷорӣ тасдиқ намуданд ва оид ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул ва ба тасвиб расид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru