ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз106
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4764
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56639
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427092

Тарғиби дастҷамъонаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати тарғиб ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мулоқоти судманд бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, Холиқзода Абдураҳим, Фирӯза Шарифӣ – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низом Қосим – раиси Итифоқи нависандагнони Тоҷикистон ва Акбар Абдулло -шоир баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор мулоқотро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд: “Бо мақсади ошноии бештар аз вазъи воқеии иҷрои талаботи қонуни мазкур дар давоми даҳ сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзоёни Ҳукумат, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, фаъолону масъулон ва намояндагони воситаҳои ахбор мулоқоти судманд баргузор намуда, дар маърӯзаи худ ҳамаи паҳлӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.
Дар шаҳри Ҳисор низ ҷиҳати ошноии бештари масъулон ва аҳолӣ бо тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридгардида мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардид ва сокинони шаҳр вазифадор гардиданд талаботи қонуни мазкурро риоя ва дар амал татбиқ намоянд ва вазифагузории махсус аз ин ҷаласаҳои корӣ дастраси масъулон гардида, мавриди иҷро қарор дорад.”
Баъдан раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва Холиқзода Абдураҳим – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мӯҳтавои қонун ва зарурати иҷрои онро ба аҳли толор шарҳу эзоҳ доданд. Мулоқот судманд ва ба манфитати кор баргузор гардид. Ҳамчунин баргузории чунин мулоқотҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот давоми рӯз ва санаи 12 сентябр низ идома хоҳад ёфт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru