Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бахшида ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон санаи 21-уми октябри соли 2017 дар варзишгоҳи муассисаи таълимии миёнаи умумии №17-и деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор Аксияи ҳарбӣ-ватанпарварӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва НТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» бо иштироки ҷавонон, фаъолон, собиқадорон ва омўзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти Навобод баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намоиши ду гурўҳи варзишгарони ҷавон оид ба якҳарбаи шарқӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани яроқ, маҳорати ҷангии сарбозони гурўҳи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 06870 ҚЗ ҚМ ҶТ бо мақсади тарбияи насли наврас дар рўҳияи ҳарбӣ ватанпарварӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарғиби тарзи «Ҳаёти солим» ва ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва варзиш намоиш дода шуд.
Инчунин дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и шаҳр бо сурудҳои дилнишини худ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru