ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2319
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14430
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52731
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017424

Ифтитоҳи мактаби нав

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Тобистони соли 2016 раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо гурӯҳи корӣ аз деҳаи дурдасти Арҷинаки Поёни Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ дидан намуда, аз вазъи корҳои таълимию тарбиявӣ аз муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 134 шинос шуд. Ҳолати синфхонаҳои муассиса ҷавобгӯй ба талабот набуду ба кӯдакони сину соли 7-10 сола, яъне хонандаҳои синфҳои 1,2,3 ва 4 таълим меомӯзанд. Чунин ҳолатро дида раиси шаҳр, шӯъбаи маориф, ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор гардиданд, ки аз имкониятҳо истифода намуда дар муҳлати кӯтоҳ барои сохтмони муассисаи таълимӣ чораҳои мушаххас андешанд. 
Аз он рӯз бештар аз як сол гузашт ва мо шоҳиди ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти ибтидоии наву замонавӣ гаштем, ки минбаъд бо таъмин шудан бо устодони фаннӣ заминаи хубест барои ба муассисаи таҳсилоти асосӣ табдил додан. Бояд тазаккур дод, ки баъди хатми синфи 4 қисме аз шогирдони муассиса таҳсилро дар дигар мактабҳои шаҳр идома медиҳанд, ки душвориҳоро пеш меорад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон барои корҳои хайриявӣ ва башардӯстӣ бинои хуштарҳи замонавӣ иборат аз 4 синфхона, китобхона ва хонаи муаллимон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ифтитоҳи муассиса муовини раиси шаҳри Ҳисор иштирок намуда, ба фаъолият шурӯъ намудани чунин як муассиса бо синфхонаҳои кушоду барҳаво ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти заруриро аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф арзёбӣ намуд.
Аз ҷониби ташкилоти хайриявии номбурда ба 68 нафар муҳассилин сару либоси зимистона ва ҷиҳози хониш ва ба сокинони деҳа як ададӣ бухорӣ ва маводи сӯхт (ангишт) тақдим карда шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru