ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2835
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2314
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5149
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19263
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1877426

Накӯкорони Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Моҳи шарифи рамазон ҳақиқатан моҳи муборак ва эҳсону саховат буда, дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи бандагонаш дучанд боз мегардаду дар байни мардуми мусулмон меҳру шафқат, бахшишу иноят ва меҳрубонию саховат бештар ба назар мерасад.

Дастгирии ятимону бепарасторон маъюбону мардуми камбизоат ба як самти муҳими сиёсати Ҳукмати Тоҷикистон табдил ёфта, дар партави ин сиёсат дар шаҳри Ҳисор низ пайваста амалҳои нек анҷом меёбад ва сокинони шаҳр, махсусан соҳибкорону шахсони хайрхоҳ бо иҷрои корҳои хайру савоб дар ободии маҳал, аз ҷумла дар дастгирии табибону беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ бештару беҳтар саҳмгузоранд.

Давоми ҳафтаи ҷорӣ оилаи Абдуллоевҳо, ки ҷавонмардию хайрхоҳии худ дар води Ҳисор шуҳратёру соҳибэҳтироманд аз ҳисоби маблағҳои пасандози оилаашон ба беморхонаҳои шаҳр ду адад нақлиёти ёрии таъҷилии истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекистон, маводҳои табобатӣ ва даҳ тонна маводи хӯрокворӣ аз қабили орд, раған, биринҷ, шириниворӣ тақдим намуданд.

Дар тақдими маводҳои зикршуда, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ширкат варзида, барои чунин иқдоми нек ба бародарон Абдуллоевҳо изҳори сипосу эҳтиром намуд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз Беморхонаи марказии шаҳр дидан намуда, бо вазъи табобати беморон, фаъолияти кори табибон ва таъминоти онҳо бо маводи доруворӣ шинос шуд.

Шаҳрдори Ҳисор таъкиди он дошт, ки табибон бояд дар иҷрои вазифа бештар масъулиятшинос бошанд ва қарзии табибии худро софдилон бо мақсади шифокорию шифобахшӣ идома диҳанд.

Дар сӯҳбат бо раиси шаҳр табибон барои ғамхорию ҳамдамии пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу эҳтиром доштанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru