ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2622
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2314
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4936
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19050
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1877213

Ҷавонмардони хайрхоҳи Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Ҳазрати Усмон фармудаанд; Ба ҷуз Аллоҳ паноҳгоҳи ҳақиқие надорем. Дар арафаи Иди саиди Фитр саховатмандон аз оилаи Аҳмадовҳо барои дастгирии табибони шаҳр ва таъмини беморон бо дуруворӣ ба миқдори 5 тонна орд, 100 дона халъат, 250 дона ниқоб, 1800 дона Сефтриаксони натрий, 80 дона Элфлокс, 80 дона Лазалван, 500 дона Азитромисин, 500 дона Сефатзилим, хлор ва гипрохлориди натрий дастрас намуданд, ки иҷрои ин амал барои шифобахшии беморон ва таъмини табибон бо маводи озуқа саривақтӣ буда, аз хайрхоҳиву диёрдории ин инсонҳои наҷиб дарак медиҳад.

Аз тарафи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» бошад  дар моҳи апрел ба 80 нафар 54 ҳазор сомонӣ маблағ, дар моҳи май ба 11 нафар ниёзмандон 39 ҳазор сомони маблағ, 570 кг орд, 570 литр равған, ба 62 нафар ниёзмандон маводҳои хӯрока ба Беморхонаи шаҳрӣ 2 адад телевизор, маводи хӯрока ва шустушӯӣ тақдим кардаанд.

Роҳбарияти бозори масолеҳи сохтмонии шаҳр ба Беморхонаи шаҳрӣ ба маблағи 39 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ, аз қабили дастпӯшак, ниқоб, либоси муҳофизатӣ ва доруворӣ дастрас намуда, ба оилаҳои ниёзманд низ кӯмак расонидаанд ва шарҳи хайроти худро ҷоиз надонистанд.

Вазъи кунунии ҷомеа собит менамояд, ки дарди як шаҳрванд танҳо дарди ӯ нест. Аҳли ҷомеа махсусан соҳибкорону шахсони хайрхоҳ бо амри виҷдон ва хоҳиши худ иҷрои корҳои хайру савобро ихтиёр кардаанд ва ин нишони он аст, ки мардуми тоҷик аз азал дӯст, бародар ва дар лаҳзаҳои мушкилӣ ҳамдаму кӯмакрасон буданро шараф ва вазифаи муҳим донистаанд ва ворисони ин халқи сарбаланд имрӯзҳо бо иҷрои корҳои неки худ дар роҳи шинохту эҳтироми Худованд, муқаддасии ҳаёту инсон ва аз байн бурдани ин бемории зишт собит менамоянд, ки мо халқи тамаддунофар ва вориси ҳақиқии пири табибони машриқзамон Абӯалӣ ибни Сино мебошем.

Дар роҳи табиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳр, аз номи сокинону табақаи ниёзманд ба ҳамаи онҳе, ки дар рафъи мушкилоти мавҷуда ва дастгирии беморхонаҳо, табибон, беморон ва шахсони мӯҳтоҷ дасти мададу хайр дароз кардаанд изҳори сипосу эҳтиром намуда, дар зиндагиву фаъолияти кориашон барору кушоиш таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru