Шодӣ АҲМАДОВ: “Сафаратон бехатар бод”

http://www.zoofirma.ru/

Роҳсозони муассисаи мо Соли нави 2016-ро бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол намуданд. Дурнамои ҳамаи намудҳои иҷроиши корҳо, аз ҷумла тахту ҳамвор намудани ду бари роҳ, таъмири чуқуриҳо бо мумқири гарму хунук, таъмири болопӯши роҳ, шинондани аломати роҳ бо пояаш, тоза намудани ҷӯйборҳо, обёрии гулу буттаҳо, тозакунии селобаҳо, асфалтпӯш кардани таваққуфгоҳҳо, хобондани қубурҳои обгузар ва дигар корҳоро  сарбаландона иҷро намуданд. Барои таъмини бехатарии роҳҳо дар фасли зимистон ба миқдори зарурӣ маводи зидди лаѓжиш захира карда шудааст.

Муассиса хизматрасонӣ ва нигоҳдории 246,3 километр роҳҳоро ба уҳда дорад, ки 24 километри онро роҳҳои байналмилалӣ, 46,2 километрро ҷумҳуриявӣ ва 176,1 километри онро роҳҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки таи чанд соли охир бо кӯмаки Ҳукумати мамлакат, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони ҳимматбаланд ҳолати роҳҳо дар Ҳисори бостон хеле беҳтар карда шуданд. Ин раванди гуворо бунёди роҳҳо, таъмири саривақтии онҳо имрӯз низ идома дорад. Роҳҳо қалбҳоро ба ҳам наздику меҳру муҳаббатро мефизоянд. Ифтихор дорем, ки дар ин амали хайр саҳми кормандони 33 нафараи муассисаи мо калон аст.

- Тавре дар Паёми гузашта таъкид карда будам, - гуфта мешавад дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, -  роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳои дурдаст ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро вусъат бахшида, ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Ин таъкиди Сарвари давлат мо, роҳсозонро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида беҳтару хубтар фаъолият намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои дохилишаҳрӣ, байни ҷамоатҳою деҳаҳои дурдаст ва маҳалҳои аҳолинишин чораю тадбирҳои мушаххас андешем.

Ҳамаи роҳсозон, инчунин ҳамдиёрони арҷмандро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда барояшон тану ҷони сиҳат, сафари бехатар таманно менамоям.

 

Шодӣ АҲМАДОВ,

сардори муассисаи давлатии нигоҳдории

роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ҳисор

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru