Корхонаи ресандагии Файзи истиқлол

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Файзи истиқлол-2011» аз зумраи корхонаҳои бузурги ресандагии кишвар маҳсуб ёфта ҳанӯз 4 ноябри соли 2011 ҳангоми ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор ба фаъолият  оғоз намуда буд. Корхона бо дастгоҳу таҷҳизот ва технологияи пешрафтаи итолиёвӣ муҷаҳҳаз буда ҳар моҳ 200 тонна нахи пахтаро коркард менамояд. Аз ин миқдор нахи пахта 185-190 тонна риштаи хушсифат ҳосил карда ба хориҷи кишвар фиристода мешавад.

- Солҳои аввали ба кор шурӯъ карданамон бо баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ мешудем, - гуфт зимни суҳбат директори генералии корхона Дӯстмурод Шеров. - Мутахассисон намерасиданд. Коргарони маҳаллӣ, ҷавонони ба кор қабулшуда таҷрибаи ресандагї надоштанд. Хушбахтона, аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, аз корхонаи ресандагии шаҳри Спитамен як гурӯҳ мутахассисон ба Ҳисор омада якчанд муддат нозукиҳои касби ресандагӣ, инчунин технологияи навро ба коргарон омӯхтанд. Маҳз бо кӯмаку дастгирии ҳарҷониба корхона дар андак муддат шуҳратёр гардид. Ҳоло 200 нафар ҷавонону гулдухтарон машғули коранду маоши дилхоҳ мегиранд.

- Ман аз соли 2011 инҷониб дар ҳамин  ҳо фаъолият дорам, - ба гап ҳамроҳ шуд сардори истеҳсолоти корхона Сафаралӣ Ашуралиев. – Қаблан, баъди хатми донишгоҳ 14 сол дар иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии шаҳри Душанбе кор кардам. Ҳоло ҳамроҳи мутахассисони варзида Улуғбек Мирзоев, Умедҷон Расулов ва дигарон дар ин корхонаи азим фаъолият менамоем. Дар ин муддат шогирдони зиёдеро тайёр намудем.

Дар пешрафти корҳо саҳми киҳо назаррасанд? –суол кардем.

- Ресандаҳо, устоҳои корхона қариб ҳамаашон хуб кор мекунанд. Махсусан ресандаҳои моҳир Муҳаррам Бобокалонова, Обида Холиқова, Парвина Сафарова, Гулнора Хушбахтова, Мавҷигул Бӯриева, Гулнигор Қараева, Ситора Яъқубова, устоҳои соҳибтаҷриба Икром Бобоев, Абдураҳим Худоёров ва бисёр дигарон пешсафони истеҳсолотанд. Маҳз тавассути саъю талоши пайвастаи чунин машъалон корхонаи ресандагӣ ҳамасола аз уҳдаи иҷрои дурнамо сарбаландона мебарояд.

Дар рафти суҳбат маълум шуд, ки барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани истеҳсолот баъзан нарасидани ашёи хом  монеа эҷод менамояд. Нахи пахтаро аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо душворӣ дастрас менамоянд. Пайдо кардани ашёи хом на ҳамеша муяссарашон мегардад. Дар давраи шӯравӣ як тартибу низоми махсусгардонидашуда мавҷуд буд. Ноҳияҳои пахтакор корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом мунтазам таъмин менамуданд. Деҳқонон тухмиҳои пахтаи навъҳои «108-Ф», «Қирғиз» ва ғайраро парвариш мекарданд, ки онҳо дар 130-140 рӯзи офтобӣ пухта мерасанд. Корхонаҳои саноатӣ тамоми сол  бекор намемонданд. Ҳоло чӣ? «Ҳар касу дави аспаш». Хуб мешуд агар дар ин самт як тартибу низоми муайян ҷорӣ мегашт. Миёни корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои пахтакор шартнома баста кори ҳарду ҷонибро агар ба низом медароварданд нуран алонур мешуд.

Вобаста ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардондани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Имсол дар шаҳри Ҳисор низ майдони кишти пахта, истеҳсоли ин навъи маҳсулоти қиматбаҳо зиёд мегардад. Шояд ба ин васила мушкили кори ресандагон низ осон ва корхона ба ашёи хоми  худӣ таъмин гардад.

Сифати маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Файзи истиқлол-2011»-и шаҳри Ҳисор ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯст. Аминем, ки натиҷаҳои истеҳсолӣ дар соли ҷашни бузург – 20-солагии Ваҳдати миллӣ боз ҳам хубтару беҳтар хоҳанд шуд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru